Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пӯшидани «миниюбка»ва либосҳои нимурён дар Тоҷикистон манъ шуд?

$
0
0

Дар Тоҷикистон китоби «Дастури сарулибоси тавсияшуда барои духтарон ва занон дар Тоҷикистон» — бо теъдоди 300 нусха бо забони тоҷикӣ дар 368 саҳифанашр расид.

Дар ин китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар кардани духтарону занон дар чорабиниҳои гуногун ва ҳаёти рӯзмарра зикр мешавад.

Дар фасли 11-и китоб Вазорати фарҳанг ба духтарону занони Тоҷикистон напӯшидани либосу рӯймоли сиёҳ, ҳиҷоби сиёҳ, либоси беҳад ошкори аврупоӣ, домани кӯтоҳ (мини юбка) либосҳои урён (деколте, топик), либос аз матоъи шаффофу намоён, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бар кардани калӯшу тапочка, либоси хонагӣ, шимҳои танг, либос аз матоъи синтетикӣ ва либоси зарароварро тавсия додааст.

Бояд гуфт ин «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро се ниҳод — Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон омода кардаанд.

Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>