Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қавли мардонаи Эмомалӣ Раҳмон: ваъдаву хиёнат

$
0
0

Чанд соли охир мо дар бораи он ҳарф мезанем, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ро  боздошт, хиёнат кард. Вале ҳоло далелҳое аз хиёнати Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону ҳампаймонони наздикаш хоҳем овард, то чашми қурбониҳои ояндаи ӯ боз гарданд. Агар имрӯз шуморо Эмомалӣ Раҳмон таъриф кард, онро чун огоҳӣ қабул кунед, ки “замони посухгӯи”-и шумо наздик шудааст.

“Ҳамаи якдигарнофаҳмиҳо байни тоҷикон бо роҳи осоишта ҳал мешаванд. Домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пурра созишномаи сулҳро дастгирӣ мекунанд. Фармон дар бораи оташбас имзо шудааст, ӯ тавонист иродаи қавии сиёсӣ нишон диҳад ва бо ҳукумат сари мизи музокира шинад”.

Ин иқтибосе аз гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ замони гуфтугӯҳо дар бораи Созишномаи сулҳ аст.  Он замон ӯ бо сароҳат мегуфт, ки бе иродаи сиёсии домулло ҳеҷ сулҳе дар Тоҷикистон имкон надошт.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон қисса кардани онро, ки вақте наздикони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҷаноза тайёрӣ медиданд, ӯ Нуриро ба Олмон барои табобат фиристод, дӯст медорад. Вале рӯзи марги раҳбари мухолифин ҳатто ба ҷанозааш нарафт. Дертар Эмомалӣ Раҳмон худро асосгузори ягонаи сулҳу ваҳдат номид. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бошад “қаҳрамон”-и филмҳои ҳуҷҷатие шуд, ки дар онҳо ӯро ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор мекунанд.

Бештари соҳибкорони Тоҷикистон ба Зайд Саидов рашк мебурданд ва ӯро “эркаи раисҷумҳур” меномиданд.

“Мана, аз Зайд саидов ибрат гиред. Одаме, ки 10-15 миллион доллар пулашро аз хориҷ оварда барои шукуфоии ватан маблағгузорӣ мекунад” — мегуфт раисҷумҳур дар вохӯриҳояш бо соҳибкорон.

Эмоомалӣ Раҳмон Саидовро барои бисёрҳамсариаш ҳам таъриф мекард: “Аз Зайд таъмин кардани 5 занро ёд гиред. Ин ба занҳои тоҷик имкон медиҳад, ки дар кӯча бе назорат намонанд” — мегуфт раисҷумҳар дар маҷлисҳои ҳукумат замоне, ки Зюйд вазири саноат буд.   

Вале дертар бисёрҳамсарӣ сабаби боздошти ӯ шуданд. Маблағҳое, ки ӯ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кард, Саидовро барои 29 сол ба зиндон бурданд. Бо мусодираи амвол…

Ёқуб Салимов раисҷумҳур Раҳмоновро аз ҳамлаи мусаллаҳона дар соли 1996, ки дертар ба он сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуд, наҷот дод. Салимов Раҳмоновро ба замин афтонд ва бо тани худаш пӯшонд, то пораҳои норинҷак ба ӯ нарасад.

Раисҷумҳур ба Салимов изҳори миннатдорӣ кард ва дар муроҷиати телевизиониаш гуфт, ки ӯву фарзандонаш тамоми умр мадюни Ёқуб Салимов хоҳанд буд.  

Баъди 6 соли он ҳамла, Салимов, ки он вақт сафири Тоҷикистон дар Туркия буд дар сӯистифода аз мансаб, тиҷорати яроқ ва кӯшиши табаддулот айбдор шуд.  Ӯ дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Баъдан ба 15 соли зиндон маҳкум гашт.

Лангари Лангариев, раҳбари отрядҳои Фронти Халқӣ дар Кӯлоб ва қумондони содиқи Эмомлаӣ Раҳмон. Сабаби марги ӯ то ҳол муаммо боқӣ мемонад.

Баъди марги ӯ хонаводааш яке аз таъсиргузортарин хонаводаҳо дар Кӯлоб боқӣ монданд. Соли 2008 дар Кӯлоб “амалиёти махсус” роҳандозӣ шуд, ки дар натиҷа ҳамаи аъзои хонавода боздошт шуданд. Писари Лангарӣ — Аъзам ба 21 соли зиндон ва бародараш Сӯҳроб ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Дар умум 12 узви хонаводаи Лангариевҳо дар зиндон қарор доранд. Падари ӯ Салмон Лангариев дар танҳоӣ аз дунё рафт.

Иттиҳомҳои Кумитаи амнияти миллӣ маъмулӣ буданд — ин оила яке аз шабакаҳои байналмиллалии интиқоли маводи мухаддирро назора мекард ва аз соли 2002 дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Тибқи иттилои мақомот дар вайронаҳои хона анбори бузурги яроқу маводи мухаддир пайдо шудааст. Вале чаро онҳое, ки 6 сол дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд дар хонаҳояшон бо яроқу маводи мухаддир ҳузур доштаанд, номаълум боқӣ мемонад.

Нисбати Ғаффор Мирзоев, раҳбари Гвардияи президентӣ соли 2006 додгоҳи Тоҷикистон ҳукми ҳабси абадро содир кард. Вале ҳамагӣ чанд сол қабл — дар авохири молҳои 90 гвардияи Мирзоев алайҳи сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев меҷангид.   

Гвардияи Мирзоев бо кӯмаки нерӯҳои мухолифин қувваҳои Худойбердиевро аз қаламрави водиҳои Вахшу Ҳисор ба Ӯзбекистон ронд ва корхонаи истеҳсоли алюминии Турсунзодаро зери назорати давлат баргардонд. Ӯ то унвони ҷенерол-лейтенант боло рафт ва аввалин бадастоварандаи ордени “Спитамен” гашт.

Ғаффор Мирзоевро ҳамроҳ бо ҷенероли дигар Сӯҳроб Қосимов сутуни ҳарбии ҳукумати Тоҷикистон меномиданд.

Дар айбномаи ӯ 90 лаҳзаи ҷиноят сабт шудааст — кӯшиши табаддулоти давлатӣ, се куштор, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ғайра…

Ин танҳо чанд намуна аз хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону ҳампаймононаш аст. Дар асл нафароне, ки бо вуҷуди садоқаташон аз ӯ хиёнат дидаанд, ба садҳо мерасад.

Шумо кадом хиёнатҳои ӯ ба ҳамсафоаншро медонед? Лутфан  дар шарҳ нависед.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>