Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Афзоиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

$
0
0

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар давоми соли 2017 беш аз 600 миллион $ нисбат ба соли 2016  афзоиш ёфта, ба 2 миллиарду 536 миллион доллар расидааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Руссия, ҳаҷми миёнаи як интиқоли пул ба Тоҷикистон дар охири соли гузашта 98 доллар будааст. Касоне, ки дорои шаҳрвандии Русия мебошанд, ба Тоҷикистон ба ҳисоби 717 миллион доллар пул интиқол додаанд ва муҳоҷирон ба ҳисоби 1 миллиарду 819 миллион доллари амрикоӣ  ба Тоҷикистон маблағ фиристодаанд.

Аз ин ҳисоб 83%  бо рубли русӣ, 16% доллари ИМА ва 0,1% пули евро ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон, дар давоми соли 2017 ба андозаи 3 млрд 902 млн доллар будааст.

Ба Қирғизистон 2-миллиарду 211 миллион доллар;

Ба Қазоқистон 709 млн доллар;

Ба Озарбойҷон — 893 млн доллар;

Ба  Арманистон — 1 млрд 65 миллион доллар;

Ба Туркманистон -2 миллион доллар аз Русия пул интиқол ёфтааст.

Маврид ба зикр аст, ки нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар 5 соли охир, сол ба сол интиқоли маблағ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, танҳо дар давоми соли 2017 як каме афзоиш ёфтааст.

Бино ба натиҷаҳои соли 2016 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 929 млн доллар будааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2015 1 миллиарду 278 миллион доллар гуфта мешавад. Дар соли 2014 бошад, 3 миллиарду 831 миллион доллар ва дар соли 2013 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 4 миллиарду 155 миллион доллари амрикоӣ будааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>