Серикбай Қозӣ Ораз, раиси Идораи динии мусалмонони Қазоқистон, дар ҷараёни сафари расмӣ ба Ӯзбекистон, санад дар бораи фатвои ягона, барои рӯзи идҳо ва маросимҳои динии ду кишвар ба имзо расонид.
Дар ин бора «Kazinform» хабар додааст.
Зимни сафари расмӣ, дар мулоқоти дуҷонибаи Серикбай Қозӣ Ораз, муфтии Қазоқистон ва Усмонхон Ҳоҷӣ Алимов, муфтии Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон, масъалаи ягонасозии санаи идҳо ва маросимҳои динӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба натиҷаи мулоқоти дуҷониба, ҷонибҳо ба тафоҳум расиданд, ки минбаъд идҳои динии ду кишвар дар як рӯз таҷлил карда мешавад.
«Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҷашни идҳо ва маросимҳои динӣ ба мисли муайян кардани рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди моҳи Рамазон, иди Қурбон ва дигар рӯзҳои муътабари динӣ, мутобиқ ба тақвими мусалмонии солшумории ҳиҷрии қамарӣ фатвои ягона содир хоҳад шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фатвои ягона дар масоили шаръӣ бо машварати ҳамдигар содир мешавад”. — омадааст дар хабар.
«То ба имрӯз дар ду кишвари ҳамсоя нисбат ба санаи идҳо ва маросимҳои динӣ ихтилофҳо мавҷуд буд. Барои ислоҳи ин камбудиҳо, мо ба тафоҳум расидем ва оид ба ҳамкориҳои мутақобила санадҳо имзо шуд. Минбаъд ба суолҳо ва масъалаҳои шаръӣ фатвои ягона содир хоҳад шуд, ки ин қадаме барои иттиҳоди мусалмонони ду кишвар хоҳад буд»- гуфтааст Серикбой Қозӣ, ҳангоми сӯҳбаташ дар нишасти матбоутӣ бо хабарнигорони Ӯзбекистон.