Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз бад шудани вазъи низомӣ дар Афғонистон

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон  дар мусоҳиба бо хабрнигори шабакаи телевизиони Созмони милали муттаҳид, аз бадтар шудани вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки барои таъмини амният ва субот, аз ҷумла, барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тағйири вазъ дар Афғонистон гуфтааст, ки танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон тероризму ифротгароиро решакан кард. Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин падидаҳо ба кор гирифта шаванд.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон аз кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба Афғонистон нерӯи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи хӯрокӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.

“Мо пешниҳод мекунем, ки ба масоъили таҳсилот ва омодасозии кадрҳои миллӣ таваҷҷӯҳи вижа дода шавад, чун, ин ъомили муҳимми таъмини сулҳ, субот ва рушди иқтисодии Афғонистон аст. Ташдиди баъдии низоҳо дар Афғонистон барои ин кишвар ва кулли минтақа пайомадҳои хеле бад хоҳанд овард. Ба ин далел барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонисто бояд барномаи роҳбурдии ҳамаҷониба асосдоштае таҳия гардад”.- таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз бад шудани вазъи низомӣ ва сиёсӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Вазорати умури хориҷаи Русия аз пайдо шудани қароргоҳҳои низомии гурӯҳи террористии ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ карда буд.

Артем Кожин, муовини котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, дар гузориши матбуотӣ гуфт, ки пайдо шудани қароргоҳҳои низомии гурӯҳи ДОИШ ва омӯзишҳои низомии онҳо дар Афғонистон, ки дар мазеъҳои наздик ба сарҳади Тоҷикистон аст, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

“Аъзои ДОИШ, ки аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд, дар ин қароргоҳҳо омӯзишҳои низомӣ ва равонӣ мегиранд ва  дар як муддати кӯтоҳ ба таҳдиди бузурги амниятии минтақа мубаддал мешаванд. Ин дар ҳоле аст, ки авзои амниятии Афғонистон нигаронкунанда буда, гурӯҳи Толибон наздик ба ниме аз қаламрави ин кишварро, дар ишғоли худ дорад”,- гуфта буд Кожин.

Ба бовари Артем Кожин, сабаби дигари нигаронкунанда, ҷиҳати амнияти Афғонистон, нуфӯзи гурӯҳи террористии ДОИШ аст, ки ба тадриҷ  минтақаҳои шимолии ин кишварро зери тасарруфи худ медарорад. Гурӯҳи ДОИШ акнун бо ташкили қароргоҳҳои низомии худ дар шимоли Афғонистон, талош мекунад, ки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро барои истифода дар барномаҳои худ ҷалб кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>