Тибқи листи саршумории нуфуси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст, тоҷикон дар ин кишвар наздик ба ду баробар аз паштуҳо бештар буда, аксариятро ташкил медиҳанд.
Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар — паштуҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо будааст.
Бино ба ин омор, дар 17 вилоят : Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшир, Сарипул, Самангон, Ғӯр, Фароҳ, Кундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Лӯгар, Ҳирот тоҷикон аксариятанд.
Паштуҳо дар 12 вилоят: Пактиё, Пактико, Хӯст,Зобул, Ғазнӣ, Кандаҳор, Нимрӯз, Нангарҳор, Нуристон, Ҳилманд, Кунар, Лағмон аксариятро ташкил медиҳанд.
Ҳазораҳо дар Бомиён ва Дойкундӣ бештар аз дигаронанд.
Шумори бештари тоҷикон дар вилоятҳои Кобул( бештар аз 4 миллион), Бадахшон(бештар аз 1 миллион), Ҳирот( наздик ба 1 миллион), Ғӯр ва Балх(бештар аз 600 ҳазор),Сарипул( бештар аз ним миллион) зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмуъ тоҷикон 45,6 %
паштунҳо 26,4%
ҳазораҳо 13,1%
ӯзбакҳо 7,1%
туркманҳо 2,2%
ақвоми дигар 5,5 % — и аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.
Афғонистон дорои 34 вилоят аст, ки иборатанд аз:
- Урузгон
- Бодғис
- Бомиён
- Бадахшон
- Бағлон
- Пактиё
- Балх
- Парвон
- Пактико
- Тахор
- Панҷшир
- Ҷузҷон
- Дойкундӣ
- Хӯст
- Сарипул
- Зобул
- Самангон
- Ғӯр
- Ғазнӣ
- Форёб
- Фароҳ
- Кундуз
- Майдонвардак
- Кандаҳор
- Кобул
- Кописо
- Лӯгар
- Нимрӯз
- Нангарҳор
- Нуристон
- Ҳирот
- Ҳилманд
- Кунар
- Лағмон