Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эрон воридоти молу колоҳое, ки  дар худаш истеҳсол мешавад, манъ кард

$
0
0

Шӯрои вазирони Эрон тасмим гирифтааст, ки хариди молу колоҳои хориҷӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, ки мисли онҳо дар кишвар тавлид мешаванд, манъ мекунад. 

Дар ин бора Маркази иттилооти электронии ҳукумати Эрон гузориш нашр кардааст.

«Шӯрои вазирон   харид ва воридоти колоҳои хориҷие, ки тавлиди мушобеҳи онҳо дар кишвар ҳаст, барои ҳама созмонҳои давлатӣ манъ кардааст», — омадааст дар гузориш.

Ҷаласаи Шӯрои вазирон рӯзи якшанбе таҳти раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон  баргузор гардид, ки он нахустин дар соли нави эронӣ аст.

Қаблан Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар суханронии худ, ки бахшида ба фарорасии Наврӯз буд, соли нави эронии 1397-ро Соли «дастгирии колоҳои эронӣ» номида буд.

Дар рафти ҷаласаи Шӯрои вазирон, роҳбари Вазорати саноат ва савдои Эрон гузориши худро дар робита ба низоми дастгирии колоҳои тавлидшуда дар кишварро, ироа намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>