Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боздошти ду тақаллубкори тоҷик дар Русия

$
0
0

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия хадамоти федеролии амнияти Русия макони таҳияи санадҳои қалбакӣ барои муҳоҷиронро ошкор кардааст, ки соҳибони ин коргоҳ ду муҳоҷири Тоҷикистонӣ будааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ФСБ гузориш додааст.

Ба иттилои манбаъ дар ин макон ба шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мӯҳрҳои тақаллубии убури марз бо таърихи муайянро мезадаанд. Инчунин ин ду муҳоҷири тоҷик ба таҳияи патенти кор, корти муҳоҷират, иҷозаи зисти муваққатӣ ва ғайра машғул будаанд. Ин, ба истилоҳ коргоҳи таҳияи санадҳои тақаллубӣ, дар манзили зисти гумонбарон дар ноҳияи Железнородожнии шаҳри Екатеринбург ошкор шудааст.

 Аз ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст, аммо гуфта мешавад, онҳо бародарон будаанд ва соли таваллуди  калонӣ 1997 ва бародари хурдӣ 1998 будааст.

Аз дохили ин макон мӯҳрҳои тақаллубӣ, мӯҳрҳои органҳои ЗАГС ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахминан 50 адад патенти кор ва 50 бланки холии корти муҳоҷират ошкор шудааст. Илова ба ин, компютеру ламинатор ҳам ошкор ва мусодира шудааст. Худи тақаллубкорон ҳам дар хоки Русия ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебурдаанд ва нисбати онҳо аз рӯи моддаҳои “убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” ва “тақаллубу сохтакории ҳуҷҷатҳо” парванда боз шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>