Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, президенти феълии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар интихоботи президентӣ 92 дарсад овоз гирифтааст.
Дар ин бора хабаргузории «Ал-Аҳром» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 23 миллион нафар интихобкунандагон ба ҷонибдории Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ овоз додаанд.
Эълони 92 дар сад овоз ба Сисӣ дар ҳолест, ки ниме аз кишвари Миср тули чанд сол аст ба кӯчаҳо рехта, аз сиёсати ҳукумат норизоиятӣ мекунанд. Ҳазорҳо мардуми осоишта, дар тазоҳуротҳо аз ҷониби артиши Миср кушта шуда, ҳазорҳои дигар пушти панҷараи зиндон шудаанд.
Ҳамчунин, бархе шахсиятҳои мисрӣ ин интихоботро таҳрим карда буданд ва бисёре аз чеҳраҳои сиёсии Миср, аз ҷумла Аҳмад Шафиқ ва Самӣ Инон, ки шонси пирӯзӣ дар ин интихоботро доштанд, ба далели фишорҳои давлати Сисӣ натавонистанд номзад шаванд.