Ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ барои иштирок дар гуфтушунид ҳайати корӣ аз Тоҷикистон ба Маскав сафар кард.
Тавре сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ба ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон – Эйр» ва «Тоҷик — Эйр» шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки 30 март аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барқия омад, ки тибқи он аз шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Екатеринбург — Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе — Қазон — Душанбе, Душанбе — Краснодар-Душанбе, Душанбе – Красноярск — Душанбе, Душанбе — Санкт-Петербург — Душанбе, Душанбе – Сочи — Душанбе, Хуҷанд — Қазон — Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ карда шуд.
Ҳамчунин муҳлати иҷозатномаи парвоз дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд аз 5 апрел ба охир мерасад.
Дар посух мақомоти Тоҷикистон аз 2 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: «Уралские авиалинии», UTair, «Сибир», «Северний ветр» ва «Глобус» бозхонд карданд, ки дар натиҷа 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо қатъ шуд.
Тибқи ин иқдом мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе — аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд — аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд карданд.
Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.
«РИА Новости» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия хабар додааст, ки имрӯз, 4 апрел дар шаҳри Москва ҷиҳати ҳалли мушкилоти нақлиёти ҳавоӣ миёни ҳайатҳои расмии Россия ва Тоҷикистон гуфтушунид баргузор мешавад.