Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Далер Пиров ғолиби мусобиқаи фанноварии байналмилалӣ дар Маскав шуд

$
0
0

Дар Мусобиқаи байналмилалии Маскав дар риштаи фанноварии “нано” дар Донишгоҳи давлатии Ломоносови ин кишвар, ки аз 25-уми март то аввали апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, як донишомӯзи тоҷик ҷои аввалро ишғол кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 9 ҳазору 500 донишомӯз, коршинос ва донишмандони ҷавон аз 28 кишвари ҷаҳон ширкат карда буданд, ки Далер Пиров, донишомӯзи литсейи “Ҳотам ва ПВ” аз Тоҷикистон муваффақ шуд ҷои аввалро дар риштаи фановарии “нано”-ро ишғол намояд.

Ҳамчунин Темур Саломатшоев ва Фараҳманд Ҳасанов, ду донишомӯзи дигари ин литсей ҳам дар ин намуди мусобиқоти байналмилалии Маскав соҳиби мақомҳо шуданд.

Бино ба эъломи дабирхонаи баргузории ин мусобиқот, ҳар се ин донишомӯзи тоҷикистонӣ метавонанд бидуни озмун вориди донишгоҳҳои Русия шаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>