Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Манъи вуруд бо худрави сиёҳшиша ба Ӯзбекистон

$
0
0

Ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бо худравҳое, ки шишаҳояшон сиёҳ карда шуда аст  манъ гардидааст.

Дар ин бора хабаргузории АзияПлюс  аз рӯи нақли як манбаъаш, ки шоҳиди манъ кардани худравҳои сиёҳшишадор дар сарҳад будааст, хабар додааст.

«Ман дар Тошканду Самарқанд будам, лекин ҳозир вақте хостам, ки дубора ба Ӯзбекистон ворид шавам, иҷоза надоданд. Аксари худравҳое, ки аллакай маблағи полиси суғуртавиро пардохт карданд, маҷбур шуданд, ки шишаҳои мошинро тоза карда, баъд ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд», — гуфтааст манбаъ

Оҷонсии  давлатии хабаргузории Ӯзбекистон  хабар дода буд, ки тибқи қонунгузорӣ сиёҳ кардани шишаи худравҳо дар ин кишвар манъ буда, иҷрои ин қонун барои сайёҳон ҳам дахл дорад ва сайёҳонро оид ба ин масъала замони вуруд ба Ӯзбекистон дар сарҳад огоҳ мекунанд ва агар ронанда шишаи худравҳояшро тоза накунад, корманди БДА Ӯзбекистон  метавонад ӯро ҷарима кунад.

Лекин баъдан нашрияи Nuz.uz бо истинод ба Раёсати БДА Тошканд хабар дод, ки дар мавриди ин кор дар давраи рӯзҳои ид ба шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи транзит аз Ӯзбекистон мегузаранд, сайёҳон ва кормандони намояндагони дипломатӣ ҳаракат бо худравҳои сиёҳшиша иҷоза мешавад.

Маълум мешавад, ки ин истисно танҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз амал мекардааст. Аз ин рӯ, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо худрави худ азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, бояд ин масъаларо ба инобат бигиранд, ки дигар бо шишаҳои сиёҳ ворид шудани худравро ба ин кишвар иҷоза намедиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>