Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳасани Руҳонӣ: Буҳрони Сурия танҳо бо роҳи сиёсӣ ҳал мешавад

$
0
0

Сарони ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара бо интишори баёнияи муштарак ва таъкид бар идомаи талоши се кишвар барои ҳалли буҳрони Сурия ба нишасти худ хотима бахшиданд.

Дирӯз 04 апрел пас аз нишасти сеҷониба дар Анкара, Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти хабарии муштарак бо раисони ҷумҳури Русия ва Туркия танҳо роҳҳалли поёни буҳрони Сурияро сиёсӣ донист ва гуфт:

“Эрон бар тамомияти арзӣ, ҳокимияти миллӣ, ваҳдат ва истиқлоли Сурия таъкид мекунад ва ин мавзуъ бояд мадди назари ҳамагон бошад. Тавтеаи бархе қудратҳо аз ҷумла Амрико барои ҳифзи гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа бо ҳиммати миллатҳои бузурги Сурия ва Ироқ ва кишварҳои дӯст хунсо шуд ва имрӯз дигар ташкилоте ба номи ДИИШ дар минтақа вуҷуд надорад”.

Вай афзуд: Эрон, Русия ва Туркия ба унвони кишварҳои зомини раванди Остона ба талошҳои худ идома хоҳанд дод ва рӯзи ҷашни бузург барои минтақа рӯзе аст, ки ҷанг ва даргирӣ дар Сурия поён ёбад, террористҳо аз ин кишвар рахт бар банданд ва дарвозаҳои Сурия ба рӯи оворагон боз шавад.

Нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия бо меҳварияти мавзуи Сурия чаҳоршанбе дар Анкара баргузор шуд.

Эрон, Русия ва Туркия дар поён бо баёнияе муштарак, музокироти Остонаро танҳо ибтикори байналмилалии муассир барои коҳиши хушунат дар Сурия донистанд ва бар идомаи ҳамкориҳо дар бораи Сурия таъкид карданд.

Сарони Эрон, Русия ва Туркия дар ин баёния ҳамчунин эълом карданд, нишасти баъдии худро барои ҳалли буҳрони Сурия дар Теҳрон баргузор мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>