Дар сомонаи таҳлилии Ислоҳ зимни мусоҳибае, ки дирӯз 4 апрел бо як зиндонии озодшуда аз зиндони рақами 7/4 шаҳри Душанбе, ки аз овардани номи аслияш парҳез кардааст, гуфта мешавад, вазъияти Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии узви раёсати олии ҲНИТ вахим будааст.
Мусоҳиби сомонаи Ислоҳ, ки аз ӯ шартан Исматуллоҳ ном бурда шудааст, мегӯяд, Ҷалолиддини Маҳмудро дар зиндон бо иттиҳоми “Майл ба фирор”шиканҷа мекунанд.
“Айни ҳол Ҷалолиддини Маҳмудро бо иттиҳоми “Майл ба фирор”шиканҷа мекунанд. Албатта ин шиканҷа бо роҳи задану куфтан нест. Онҳое, ки барояшон бо иттиҳоми “майли фирор” дар зиндон парванда боз мешавад, бояд аз соати 9 саҳар, ҳар ду соат пас бояд рафта, худро номнавис кунанд, ки ман ҳастам ва фирор накардаам. Ин ҳолат барои ин афрод аз соати 9:00-и субҳ то соати 22:00 шаб ҳар ду соат пас давом мекунад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки шабонгоҳ низ ин кор суръат мегирад”.- гуфтааст Нусратуллоҳ.
Ба бовари ин зиндонии озодшуда, шиканҷаи “қонунии” Ҷалолиддини Маҳмуд танҳо ба хотири шахси сиёсӣ буданаш будааст.
Ӯ мегӯяд: “Аслан ӯ, ки бо ҷурми нигоҳдории силоҳ зиндонӣ шуда буд, ин модда он қадар воҳима нест, озод бояд шавад. Чанд нафар наздикони бойбачаҳо аслан бо ин модда дар се моҳ аз зиндон хориҷ шуданд. Аммо қазияи ӯ, ки ба сиёсат печида буд, ӯро азоб дода истодаанд”.
Аз рӯи гуфти ин зиндонии озодшуда, мехоҳанд, ба гардани Ҷалолиддини Маҳмуд, ҷиноятҳои дигарро бор карда ҳукми ӯро тулонӣ намоянд.
“Ҳоли Ҷалолиддини Маҳмуд хело сангин аст ва зери назорати шадид қарор дорад. Ҷалолиддини Маҳмудро дар рӯйхати ин афрод (“майл ба фирор») навишта буданд ва худаш мегуфт, метарсам, вақти ҷазоям поён ёфта истодааст, вале маро боз мехоҳанд ҷазои наве зам кунанд ва ҳукмамро тулонӣ намоянд”.- нақл кардааст Нусратуллоҳ.