Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вакили парлумони Афғонистон: Маҷрӯҳони Толибон дар Тоҷикистон табобат мешаванд (Навор)

$
0
0

Як вакили Луи Ҷирга (парлумони Афғонистон) аз вилояти Қундуз мегӯяд Толибон равобити густардае бо Тоҷикистон доранд ва маҷрӯҳонашон дар Тоҷикистон табобат мешаванд.  

Инҷинир Камол, вакили парлумони Афғонистон дар мусоҳибааш ба бахши дарии телевизиони ВОА гуфт, Толибон равобити зиче бо Тоҷикистон доранд, рафтуомад мекунанд ва ҳатто маҷрӯҳонашон дар Тоҷикистон табобат мешаванд.

Ин вакили парлумон мегӯяд ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Толибон сир нест ва мардуми манотиқи таҳти нуфузи Толибон, аз ҷумла Дашти Арчӣ аз ин равобит хабар доранд.

Ӯ мегӯяд ду сол қабл вазъ дигар буд, вале ҳоло комилан тағйир кардааст. “Ҳоло қутбҳо тағйир карда. Ва Толибон ҳам дар ҳамсоя ва дар минтақа ва ҳам дар ҷомеъаи байналмиллалӣ рафиқони худро доранд”, — мегӯяд ӯ.

Инҷинир Камол мегӯяд “бо он тарафи Амӯ онҳо равобит ва омаду рафт доранд. Ҷавонони мо ба мо гуфтанд, ки захмиёни Толибон дар Тоҷикистон тадовӣ мешаванд. Бисёрӣ гапҳо ҳастанд. Интӯрӣ нест, ки ин ҷанги дохилии Афғонистон бошад… Ин чизе нест, ки аз мардум пинҳон бошад. Мардум аз мо дида маълумоти бештаре дар ин маврид доранд”.

Минтақаи Дашти Арчӣ тибқи гуфтаи ин вакили парлумони Афғонистон 98 дарсад зери тасарруфи Толибон қарор дорад.

Қаблан ҳам сарусадоҳое дар бораи табобат гирифтани маҷрӯҳини Толибон дар Тоҷикистон сару садоҳое баланд шуда буданд, вале ҷониби Тоҷикистон онро рад кард.

Охири соли 2015 нашрияи маъруфиThe Sunday Times  аз вохӯрии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо раҳбари Толибон Ахтар Мансур дар Тоҷикистон хабар дода буд.

Қаблан фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон ҷенерол Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС гуфта буд, ки Русия Толибонро тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мусаллаҳ месозад.  

Ҷон Николсон

Тибқи маълумоти Николсон силоҳ ба Толибон замони тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон тақдим мешаванд. “Мо медонем, ки русҳо чӣ хел кор мекунанд: онҳо ба тамрингоҳ силоҳи зиёдеро интиқол медиҳанд ва қисмате аз онро ҳамонҷо (дар тамрингоҳ) мегузоранд” — шарҳ дод ҷенерол.  

Тибқи гуфтаи ӯ Толибон дар бораи дастгирии молиявӣ аз тарафи душманон қисса кардаанд: “пешвоёни афғон мустақиман ба ҳамин штаб яроқро оварда ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки “инро русҳо ба Толибон фиристоданд”. Мо медонем, ки Русия даст дорад”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles