Созмони “Диалог”, ки ба Фатҳулло Гюлен, раҳбари ҳаракати “Хизмет” -и Туркия вобаста аст, бо амри хадамоти амниятӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намуд.
Раҳбари ин ташкилот дар Душанбе Эсмал Коҷ дар ҷаласае бо ширкати ходимони ин созмон 19- уми сентябри соли равон гуфтааст, ки “Диалог” ба далели камбуди молиявӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ менамояд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз аъзои ин ташкилот ба ин гуфтаҳои раҳбари худ бовар надоранд ва таъкид мекунанд, ки баста шудани “Диалог” бо амри КДАМ сурат гирифтааст. Онҳо ба ин боваранд, ки хадамоти амниятӣ бо дархости Туркия ба ин иқдом даст задааст.
Хабаргузориҳо бо такя ба манобеъи мӯътамади худ навиштаанд, ки КДАМ дар ин авохир аз раҳбарияти “Диалог” дархост намудааст, ки аз хатми фаъолияти худ дар Тоҷикистон расман хабар бидиҳад ва дафтари худро дар хиёбони марказии пойтахт ба номи Рӯдакӣ- 100 холӣ кунад.
Гуфта мешавад, пас аз кудатои нокоми 15- уми июни соли 2016 дар Туркия мақомоти Истамбул ҳаракати “Хизмет”- и Фатҳуллоҳ Гюленро як созмони терррористӣ унвон карданд ва аз кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки созмонҳои Гюленро дар қаламрави худ банданд. Аз ҷумла сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо баргузории чанд нишасти хабарӣ аз фаъолияти ташкилоти Фатҳуллоҳ Гюлен интиқод карда, аз мақомоти тоҷик бастани онро дар қаламрави худ маслиҳат доданд.
Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳаракати “Хизмет”- и Гюлен барои амнияти кишварҳо хатарбор аст. Зеро ин ҳаракат аз Амрико идора шуда, бо ташкили литсейҳои тиҷоратии туркӣ ҳадаф дорад, ҷосусони худро дар идораҳои давлатӣ ҷой бидиҳад ва ба ин тартиб амниятро дар қаламрав барандозад.
Ташкилоти марбут ба ҳаракати “Хизмет”- и Гюлен дар кишварҳои пасошӯравӣ эътибори зиёд пайдо кардааст ва дар атрофи худ шахсони бонуфуз ва сарватмандро ҷамъ сохтааст. Гуфта мешавад, ки созмони “Диалог” низ дар байни зиёиёну мансабдорони тоҷик маҳбубият дошт. Таъкид мегардад, ки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва илоҳиётшиносии Академияи илмҳо, инчунин як идда аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва табибони маъруф узви ин созмон будаанд.