Зариф Ализода Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои тоҷикро гунаҳкор медонад, дар ҳоле, ки ҳанӯз гуноҳи ӯ собит нашуда ва ҳукми додгоҳ набаромадааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода дирӯз дар Варшава дар посух ба суоли мухолифони тазоҳуркунанда, ки чаро додситон барои Бузургмеҳр Ёров 25 соли зиндон талаб кардааст, посух дод, ки “Бузургмеҳр набояд аз одамон пул мегирифт, ӯ аз 50 нафар пул гирифтааст”.
Ин дар ҳолест, ки мурофиа ба итмом нарасидааст ва худи Бузургмеҳр тамоми иттиҳомот алайҳашро рад мекунад. Ӯ дар рафти додгоҳ бепоя будани ҳамаи айбҳоеро, ки алайҳаш эълон кардаанд собит сохтааст ва чанд даъвогар ҳам иқрор кардаанд, ки онҳо бо фишори мақомот алайҳи Ёров ариза навиштаанд.
Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ дар тамоми ҷаҳон, як нафар ҳамон вақт гунаҳкор ё ҷинояткор ҳисобида мешавад, ки додгоҳ ҳукми гунаҳкории ӯро содир кардааст. Дар акси ҳол ҳеҷ касе ҳақи ҷинояткор номидани ӯро надорад. Аммо ба назар мерасад дар Тоҷикистон ҳатто ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки вазифаи асосиаш ҳимояи инсон аз ана ҳамин гуна айбгузориҳост, на вазифа ва на ҳуқуқи худро медонаду ҳатто аз қонун бехабар аст.
Вақте ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ба худаш иҷоза медиҳад, ки нафареро бидуни ҳукми додгоҳ гунаҳкор эълон кунад, аз додситонҳо, амниятиҳо ва милисаҳо чӣ мешавад интизор шуд?
↧
Омбудсмени тоҷик Бузургмеҳр Ёровро бидуни ҳукми додгоҳ гунаҳкор медонад
↧