Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аъзои хонаводаи тамоми иштирокчиёни тазоҳуроти дирӯзаи Варшаваро ба идораи ин кумита дар минтақаҳо бурда, зери фишори сахти равонӣ қарор додаанд.
Бегоҳи дирӯз ва субҳи имрӯз бештари онҳоро маҷбуран ба идораи кумитаи амният бурда, аксари онҳо ҳанӯз озод нашудаанд. Аз ҷумла бародари Ҷанатуллоҳи Комил — Зиёдулло Комиловро ҳам боздошт намуда, то ҳанӯз озод нашудааст. Дар ҳоле, ки Ҷанатуллоҳ дар тазоҳурот ширкат надошт.
Хонаводаи Илҳомҷон Яқубов, раиси собиқи шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ҳам бо шумули модар бародарон ва фарзандони онҳо ба идораи амнияти вилояти Суғд даъват ва бозҷӯӣ шудаанд.
Бародар ва ҷияни Маҳмадӣ Тешаев, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ низ боздошт шуда, дар идораи амнияти ноҳияи Рӯдакӣ қарор доранд.
Падари Бобоҷони Қаюмзод ҳам бегоҳи дирӯз аз тарафи кормандони Кумитаи амният ба самти номаълум бурда шуда, то ҳанӯз тақдираш номаълум боқӣ мемонад.
Бо иттилои як манбаъ, айни ҳол дар идораи амнияти шаҳри Душанбе бештар аз 30 нафар наздикони мухолифини сиёсии тоҷик қарор доранд.
Чанд манбаъи дигар гуфтанд, ҳатто хонаводаи онҳое, ки аслан на дар тазоҳурот ва на ягон маъракаи дигари ҳизбие ширкат надошта, танҳо дар хориҷи кишвар қарор доранд, даъват ва бозпурсӣ шудаанд.
Кормандони Кумитаи амният ба аъзои хонаводаи мухолифин таҳдид кардаанд, ки дар сурати баргузоркунии боз як тазоҳуроти дигар, “ҳамаи шуморо нест мекунем!»