Сухангӯи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилои вакили парлумони Афғонистон дар бораи дар Тоҷикистон табобат гирифтани маҷрӯҳони Толибон фитнаандозӣ номид.
“Баёнияи намояндаи Луи Ҷирга дар бораи он ки гӯё маҷрӯҳони Толибон дар Тоҷикистон табобат мешаванд, дурӯғи маҳз ва фитнаандозӣ аст” — гуфт Улуғхоҷаев.
Ин намояндаи нерӯҳои сарҳадӣ гуфт “Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо ҳаракати “Толибон” надорад, вале гоҳе дар ВАО барои ноором сохтани вазъ ҳар гуна баёнияҳои фитнаангез нашр мешаванд”.
Тибқи гуфтаи ӯ вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил аст, сарҳад зери назорати сарҳадбонони тоҷик аст, ки ҳаргуна қонуншиканӣ дар сарҳадро пешгирӣ мекунанд.
Рӯзи 4-уми апрел вакили Луи Ҷирга (парлумони Афғонистон) аз вилояти Қундуз гуфта буд Толибон равобити густардае бо Тоҷикистон доранд ва маҷрӯҳонашон дар Тоҷикистон табобат мешаванд.
Инҷинир Камол, вакили парлумони Афғонистон дар мусоҳибааш ба бахши дарии телевизиони ВОА гуфт, Толибон равобити зиче бо Тоҷикистон доранд, рафтуомад мекунанд ва ҳатто маҷрӯҳонашон дар Тоҷикистон табобат мешаванд.
Ин вакили парлумон мегӯяд ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Толибон сир нест ва мардуми манотиқи таҳти нуфузи Толибон, аз ҷумла Дашти Арчӣ аз ин равобит хабар доранд.
Ӯ мегӯяд ду сол қабл вазъ дигар буд, вале ҳоло комилан тағйир кардааст. “Ҳоло қутбҳо тағйир карда. Ва Толибон ҳам дар ҳамсоя ва дар минтақа ва ҳам дар ҷомеъаи байналмиллалӣ рафиқони худро доранд”, — мегӯяд ӯ.
Инҷинир Камол мегӯяд “бо он тарафи Амӯ онҳо равобит ва омаду рафт доранд. Ҷавонони мо ба мо гуфтанд, ки захмиёни Толибон дар Тоҷикистон тадовӣ мешаванд. Бисёрӣ гапҳо ҳастанд. Интӯрӣ нест, ки ин ҷанги дохилии Афғонистон бошад… Ин чизе нест, ки аз мардум пинҳон бошад. Мардум аз мо дида маълумоти бештаре дар ин маврид доранд”.
Қаблан фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон ҷенерол Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС гуфта буд, ки Русия Толибонро тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мусаллаҳ месозад.
Тибқи маълумоти Николсон силоҳ ба Толибон замони тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон тақдим мешаванд. “Мо медонем, ки русҳо чӣ хел кор мекунанд: онҳо ба тамрингоҳ силоҳи зиёдеро интиқол медиҳанд ва қисмате аз онро ҳамонҷо (дар тамрингоҳ) мегузоранд” — шарҳ дод ҷенерол.
Тибқи гуфтаи ӯ Толибон дар бораи дастгирии молиявӣ аз тарафи душманон қисса кардаанд: “пешвоёни афғон мустақиман ба ҳамин штаб яроқро оварда ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки “инро русҳо ба Толибон фиристоданд”. Мо медонем, ки Русия даст дорад”.