Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Гулнора Каримова мурдааст?

$
0
0

Нашрияи амрикоии The New York Times навиштааст, ки  Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон мурдааст ва ҳеҷ далел, ки зинда будани ӯро тасдиқ мекунад, вуҷуд надорад.

Додситонии кулли Узбекистон бори аввал моҳи июли соли 2017 дар боздошт будани Гулнора Каримоваро тасдиқ  ва ҷузъиёти парвандаҳои ӯро ошкор намуда буд.  Ӯ моҳи августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд барои саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷуӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор шуда ҳукми 5 соли маҳрум аз озодиро гирифта буд.

Созмони ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи башар ба The New York Times гуфтааст, Мансур Мақсудӣ, ҳамсари пешини Гулнора ба думболи равшан шудани сарнавишти ӯ аст.

Мансур Мақсудӣ, амрикоии афғонтаборе аст, ки аз издивоҷ бо Гулнора ду фарзанд дорад ва дар соли 2002 аз вай ҷудо шуд.

Писари онҳо, Ислом Каримови хурдӣ аз замоне ки модараш Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон таҳти таъқиб қарор гирифт, зиндагиро дар Бритониё ихтиёр кард ва аз ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст.

Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон дар арсаи ҳунар бо номи Гугуш низ маъруф аст.  Гулнора аз ворисони эҳтимолии тахти падараш дониста мешуд. Аммо аз соли 2013 ба баъд аз саҳнаи сиёсату тиҷорат ва мӯду фарҳанг канор зада шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>