Ҷасади Абдурасул Назаров аз гӯр берун карда шуд ва мавриди санҷиши коршиносон қарор гирифт, аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд.
Сокини 40-солаи Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки санаи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи шаҳри Душанбе ҳалок шуд, баъди аз гӯр берун овардани ҷасади ӯ, изҳор намуданд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд.
Абдусамад Назаров, бародари марҳум ба хабаргузории Азияплюс гуфтааст, ки ҷасади Абдурасул санаи 7 апрел аз гӯр берун оварда шуд, аммо баъди аз қабр берун овардани ҷасад, коршиносон ба онҳо ҳатто нусхаи хулоса дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаровро пешниҳод накардаанд.
«Ҳамон коршиносоне, ки аввал дар бораи марги ӯ хулоса навишта буданд, ҷасади бародарамро аз гӯр берун оварданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки санад ба прокуратураи пойтахт дода мешавад, ки дар он ҷо аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронанд ва ман бовар надорам, ки онҳо ба прокуратура ягон чизи наве бигӯянд», — қайд кард Абдусамад.
Ӯ ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд кард, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷасади ӯро баъди як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифта буданд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист. Хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бе ягон сабаб ба идораи милиса бурда шуд ва дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Ҷасади Абдурасул Назаров рӯзи 29-уми март аз Душанбе ба Кӯлоб интиқол ёфта дар зодгоҳаш — Чармгарони шаҳри Кӯлоб дафн карда шуд. Абдурасул Назаров соҳиби ду фарзанд аст ва тайи 12 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт ба сар мебурд.