Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

50 олигархи рус дар як рӯз ба 11,7 миллиард доллар камбағалтар шуданд

$
0
0

Сармояи умумии 50 бойтарин одамони Русия дар як рӯз 11,7 милиард доллар камтар шуд.

Дирӯз, душанбе 9 апрел дар Русия шохиси Мосбиржа 9 дарсад, шохиси РТС 10,7 дарсат суқут кард.

Суқути саҳом ба таҳримҳое бастагӣ дорад, ки ИМА дар қиболи 7 олигарх ва 12 ширкатӣ русӣ ҷорӣ карданд. Ба ин таҳримҳо ҳамчунин 17 мансабдори баландпояи ҳукумати Русия ва ширкатҳои давлатии фурӯши аслиҳа низ ворид шудаанд.

Ширкатҳои беш аз ҳама саҳомашон суқут кард, ба ин тартибанд:

UC Rusal (молики асосиаш Олег Дерипаска аст, ки зери таҳримҳо рафтааст) -28,89 дарсад;

“Норникел” (саҳми Дерипаска 27,8 дарсад)  — 13,35%;

Ширкати истихроҷи тилло “Полюс” (моликаш Саид Каримов, писари сенатор Сулаймон Каримов, ки дар рӯйхати таҳримҳо афтодааст) -13,4%;

ВТБ — 10,87% (раҳбари бонк Андрей Костин ҳам таҳрим шудааст);

“Газпром” — 8,55% (раиси Шӯрои раҳбарон Алексей Миллер ҳам ба рӯйхати таҳримҳои вазорати молияи Русия ворид шудааст).

Ғайр аз ин саҳоми ширкатҳое ҳам, ки ба нафарони дар рӯйхати таҳрим қароргирифта вобастагӣ надоранд, қимати худро аз даст доданд: Сбербанк — 13,04%, Роснефт — 11,04%, НОВАТЭК — 11,4%. Пешгоми суқути саҳом ширкати металургии “Мечел” аст, ки саҳомаш 31,99% суқут кард.

Тибқи ҳисоби коршиносони нашрияи Forbes сармояи умумии 50 бойтарин одамони Русия дар як рӯз 11,7 милиард доллар камтар шудааст. Барои маълумот: ин маблағ баробар ба буҷаи 4-солаи Тоҷикистон аст. 

Бештар аз ҳама Олег Дерипаска зарар дидааст, ки 1,3 миллиард долларашро аз даст додааст.  Владимир Потанин — молики асосии “Норникел” ҳам наздик ба 1,3 миллиард камбағалтар шудааст. Дар ҷои дуввуму саввум Виктор Векселберг (908 миллион доллар) ва Сулайсон Каримов (813 миллион доллар) қарор доранд.

Хотиррасон мекунем, ки 6 апрел департаменти Дафтари назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА таҳримҳо алайҳи Русияро бештар карданд.    


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>