Ҳукумати Тоҷикистон як кони дигари тиллоро ба ширкати ТВЕА-и Чин барои истихроҷи тилло дод. Ин кони тиллои Кумарғи боло аст, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст.
Ҷузъиёти ин қарордод ошкор нест ва танҳо ҳамин маълум аст, ки ширкати ТВЕА бояд дар он мавзеъ корхонаи коркарди тилло бисозад. Яъне ҷойҳои корӣ.
ТВЕА дар соли 2016 ҳаққи истихроҷи тилло аз кони Дуобаи шарқӣ дар ноҳияи Айниро низ ба даст оварда буд.
Аз манфиате, ки Тоҷикистон аз ин қарордод ба даст меорад, танҳо ҳамин бунёди ҷойҳои корӣ зикр шудааст ва ҷузъиёти дигари ин қарордод номаълум боқӣ мемонад. Яъне маълум нест, ки аз тиллоҳои истихроҷшуда Тоҷикистон чӣ қадар ҳақ дорад ё Чин ин конро ба чӣ маблағе харидааст. Маъмулан конҳо ё харида мешаванд ва ё ширкати истихроҷкунанда қисмате аз маҳсулоти истихроҷкардаашро дар ихтиёри давлат мегузорад.
Замоне, ки ин хабар дар Тоҷикистон расонаӣ шуд, як хабари дигари вобаста ба Чин дар Қирғизистони ҳамсоя нашр гардид: сафири Чин дар ин кишвар Сяо Тсинхуа ба мақомоти Қирғизистон хотиррасон кардааст, ки замони пардохти қарзҳои ин кишвар назди Чин дорад, мегузарад.
Дар Душанбеву Бишкек ба хотиррасонкуниҳои Чин дар бораи қарзҳо он қадар ҷиддӣ вокуниш нишон намедиҳанд. Як масъули давлатии Қирғизистон ба сомонаи Central Asia гуфтааст “онҳо аз рӯи одат мегӯянд, ки замони пардохти қарзҳо фаро расидааст, мо аз рӯи одат ҷавоб медиҳем, бале, ҳатман ягон рӯз пардохт мекунем. Бо ҳамин мавзӯъ баста мешавад.” Ва кор ба ҷараёни қаблиаш бармегардад — Пекин ҷудо мекунад, Душанбеву Бишкек масраф мекунанд.
Вале ба назар мерасад, Чин тасмим гирифтааст ин дафъа он чорчӯби одатшударо бишканад. Сафири Чин дар Бишкек ба посухи “аз рӯи одати” мақомоти Қирғизистон гуфтааст “Чин қарзҳояшро бо шартҳои сабук медиҳад. Мо медонем, ки Қирғизистон аз он фоида дидааст. Пардохти қарзҳо бояд тибқи шартнома амалӣ шавад. Чин гузинаҳои дигарро баррасӣ намекунад”.
Вазъи Душанбе аз Бишкек фарқ дорад ва он ба нафъи Душанбе нест. Маблағи қарзи Қирғизистон аз Чин 41 дарсад аз қарзи умумии хориҷии ин кишвар аст, аммо қарзи Тоҷикистон 60 дарсад.
Даъвои сафири Чин дар Бишкек ҳам нишондиҳандаи нозунузи сафир ё сиёсати Чин, нисбати Қирғизистон нест. Чин дар умум сиёсати молӣ, ба хусус қарздиҳиаш ба кишварҳои ҳамсоя бо шароити махсусро бозбинӣ мекунад. Дигар мақомоти Душанбеву Бишкек наметавонанд ба талаби Чин бо “ҳатман ягон рӯз пардохт мекунем” посух диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ошкор нашудани шарти додани кони тилло ба Чин баёнгари он аст, ки ин кон ба ивази қарзи Тоҷикистон назди Чин дода нашудааст. Чун дар ин сурат махфӣ нигоҳ доштани ин шарт ғайриимкон аст ва он ҳатман дар аввалин гузориши вазорати молия оиди қарзи хориҷӣ ифшо мешавад.
Пас, ин кон бо кадом шарти дигаре ва барои масъулияти дигари Тоҷикистон назди Чин дода шудааст. Шояд масъулияти шахсони алоҳидае, ки боигариҳои кишварро азони худ мепиндоранд. Ин ки захираи тилло дар кони Кумарғи боло ҳудуди 30 тонна гуфта шудааст, дар ҳоле ки қаблан 50 тонна мегуфтанд, ҷои андеша аст.
Вақте барои кадом масъулияти номаълуми кишвар ё шахсони алоҳида, конҳои тилло дода мешаванд, замоне ки Чин пардохти қарзҳояшро ҷиддӣ талаб кард, чӣ хоҳанд дод?