Бо роҳбарии Ли Ён Хо, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кореяи шимолӣ як ҳайати ин кишвар рӯзҳои 13-15 апрел ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Тавре дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни ин сафар Ли Ён Хо, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кореяи шимолӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ, ҳамчунин масоили марбут ба амният дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ду кишвар аслан сиёсати якхелаи диктотурӣ доранд. Дар ҳар ду ин кишвар маҳдудияти озодии баён, ҳуқуқу озодиҳои диндорон, сензураи расонаҳои мустақил, таъқиби мухолифони сиёсӣ қариб яксон аст. Аммо барои Тоҷикистон дар муносибатҳои сиёсӣ Кореяи шимолӣ кишвари муҳим ҳисоб намеёбад ва дар тасмимҳои абарқудратҳо ҷониби онҳое будааст, ки бо Кореяи шимолӣ дар таниш ҳастанд.
Моҳи сентябри соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамақида буда, зидди озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи шимолӣ мебошад.
«Ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд», — навишта шуда буд дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зикр гардида буд, ки дар ин замина, Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.