Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пешбинии БМТ хато баромад

$
0
0

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки сатҳи таваррум дар моҳи март  ҳамонанди моҳи феврал рӯ ба коҳиш овардааст.

Тибқи оморҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми ин кишвар дар моҳи март манфии як дарсад (-1) будааст, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта 2,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки сатҳи таваррум асосан рӯйи нархи маҳсулоти хӯрокӣ ба андозаи манфии ду дарсад (-2) таъсир гузоштааст.

Ҳамчунин дар ин моҳ нархи колоҳои ғайрихӯрокӣ ба андозаи як дарсад ва арзиши хидматрасониҳои пулакӣ чор дарсад афзудааст.

Аммо гуфта мешавад, дар сохтори тағйирёбандаи таваррум дар моҳи март дар нархи бархе аз колоҳои пурмасрафи аҳолӣ, аз ҷумла орд, тухми мурғ, шакар, шир, картошка, пиёз, сабзӣ ва… маводи сӯхт, мисли гази моеъ раванди коҳишёбӣ мушоҳида шудааст. Вале ин коҳишро коршиносон ба воридоти пай дар пайи молҳои озуқавории чандкарата арзони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Дар оғози соли 2018 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон -0,8 дарсадро ташкил медод.

Бар асоси эъломи пешбинии Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар соли 2018 мебоист раванди муътадил ва манфинопазирии худро идома медод, аммо аллакай мебинем, ки ин пешгӯии  Бонки миллии Тоҷикистон ақаллан то нимсолаи аввал кор надод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>