Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сухангӯи президенти Русия: Мо иштирокчии аксияи «Twitter-дипломатия»нестем (2 видео)

$
0
0

Маскав твиттербозӣ намекунад ва ҷонибдори муносибатҳои ҷиддӣ дар масъалаҳои байналмилалӣ аст. Бо ин мазмун Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба саволи рӯзноманигорон дар бораи вокуниши твиттерии Доналд Трамп, президенти Амрико ҷавоб гуфт.

«Мо иштирокчии аксияи  «Twitter-дипломатия» нестем. Мо ҷонибдори муносибатҳои ҷиддӣ ҳастем, Ҳанӯз боварӣ дорем, ки набояд он иқдомҳое суръат гирад, ки зараровар бошад ва ҳолати имрӯзаи ҳассоси Сурияро табоҳтар кунад”. — гуфт Песков.

Дмитрий Песков афзуд: «Мо мисли пештара боварии комил дорем, ки сару садои истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳраки Думо (канори шаҳри Димишқи Сурия) як амали аз дурӯғ бофташуда мебошад ва наметавонад барои ҳар гуна амалҳои зӯроварӣ ҳамчун баҳона истифода шавад»

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп, президенти Амрико дирӯз, чаҳоршанбе дар саҳифаи Твиттери худ навишт: “Русия иддао карда, ки ҳар мушаке ва тамоми мушакҳоеро, ки ба самти Сурия шиллик мешавад, суқут хоҳад кард. Омода бош Русия! Чун мушакҳо доранд меоянд. Зебо, ҷадид ва ҳушманд”!

Трамп дар паёми дигаре низ навишт, ки равобити Амрико бо Русия акнун бадтар аз ҳар замони дигаре аст.

Шабакаи амрикоии Факс-Ниюз ҳам дирӯз муддаӣ шуд, ки то чанд соати оянда ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Сурия оғоз хоҳад шуд.  

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия низ дар паи таҳдидҳои Трамп дар бораи ҳамла ба Сурия ба фармондеҳони артиши Русия амр кардааст, ки ҷавоби оташи Амрикоро бо оташ бидиҳанд.

Мария Захарова

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар посух ба твитҳои Трамп гуфт, мушакҳои ҳушманди Амрико бояд ба самти террористҳо шиллик шаванд на ба сӯи давлати қонунии Сурия, ки чандин сол дар ҳоли набард бо терроризми байналмилалӣ аст.  

Сафири Русия дар Лубнон низ дар вокуниш ба таҳдидҳои Амрико зидди Сурия гуфт, кишвараш ҳар мушаки Амрикоро, ки ба Сурия шиллик шавад, дар ҳаво нобуд хоҳад кард.  

Аммо, Доналд Трамп дар давоми вокуниши твиттерияш ҷониби Русияро даъват кардааст, ки “Шумо набояд бо як Қотили Ҳайвоне ҳамкорӣ кунед, ки бо газ мардуми осоиштаро мекушад ва аз ин чиз лаззат мебарад”.

Қотили ҳайвон гуфта Трамп албатта  Башор Асад, президенти феълии Сурияро дар назар дошт, ки санаи 7 апрел барои истифодаи силоҳи кимиёӣ зидди мардум дар шаҳри Думои канори Димишқ муттаҳам шуд. Гуфта мешавад дар ин ҳамла зиёда аз даҳҳо афроди мулкӣ ва кӯдакон кушта шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>