Бори чаҳорум Илҳом Алиев бо ба даст овардани 86 дар сади орои интихобкунандагон дар интихоботи президентии Озарбойҷон пирӯз шуд.
Пирӯзии Илҳом Алиев дар интихоботи президентии Озарбойҷон дар ҳоле эълон шуд, ки қаблан Созмони Human Rights Watch гуфт, ин овоздиҳӣ ҳеҷ имкони интихобро ба раъйдиҳандагон фароҳам наовард ва мухолифони аслии ҳукумат ин интихоботро таҳрим ё бойкот карда буданд.
Илҳом Алиеви 56-сола аз замони марги падараш дар соли 2003 раҳбарии ин ҷумҳурии иборат аз 10 миллион ҷамъиятро бар ӯҳда дорад. Пас аз эълони натоиҷи аввалия аз сӯи Комиссияи марказии интихобот, Илҳом Алиев шаби 11-уми апрел дар як суханронии телевизионӣ аз мардуми кишвараш барои райъ додан ба ҷонибдории ӯ сипосгузорӣ намуд ва гуфт, «мардум барои оромӣ, амният ва пешравӣ» раъй доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуда, гуфт, ки «мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем».