Дар як бинои 70-сола дар деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон як замон гов парвариш мекарданд. Ҳоло дар дохили он бачаҳои мардум бо сад азобу мушкил дарс мехонанд. Сафинаи Амиршо яке аз онҳост. “Азбаски ҷой намерасад, барои ҳамин чаҳорнафарӣ мешинем, ки дарсҳоямонро тайёр кунем”, — гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.
Беш аз 300 нафар дар инҷо дарс мегиранд. Зоҳиран кӯдакони далеранд, зеро на ҳама ҷуръати нишастан дар чунин синфхонаҳоро дорад. Ҷадвали дарси бачаҳоро на танҳо Вазорати маориф ва илм, балки табиат ҳам тағйир медиҳад.
Рухсораи Ҷӯрахон, яке аз хонандагони мегӯяд, “шароити хондан нест. Борон мерезад. Дар инҷо хонда наметавонем ва муаллим маҷбур мешавад, ки моро ҷавоб диҳад.”
Маҳинаи Файз, хонандаи ин мактаб, мегӯяд, “миёнамонро қат карда менависем. Курсӣ надорем, шикастаанд. Бад менависем. Мизу курсиҳои кофӣ надорем.”
Ба бачаҳову омӯзгорони ин мактаб дар дохил фурӯ рафтани бом ва дар берун афтодан ба ғор таҳдид мекунад. Ғоре, ки ҳар сол ба мактаб наздиктар меояд ва ба гуфтаи пирони деҳа, хатари фалокатро бештар мекунад.
Хоҷамқул Маҳмадалиев, сокини Солмолидашт, мегӯяд, “то мактаб якуним метр мондааст. Дар мактаб одами бисёр аст. Яке бозӣ мекунад, яке бо шаст медавад ва мезанад дар таҳи ғор. Баъд соҳиби кӯдак гиребони муаллим мегирад, ки бачаи маро чӣ кор кардӣ?”
Мақомоти расмӣ ва Вазорати маориф солҳост, ки аз ҳоли риққатовари мактаби Солмолидашт огаҳ ҳастанд. Ваъда додаанд, ки барои аҳолии афзояндаи деҳа мактаби нав месозанд.
Бо расидани баҳори умед омӯзгорону бачаҳо зиёдтар мешавад, ки рӯзе коргарон меоянд ва хостаи деринаи соддаи бачаҳоро амалӣ мекунанд.
Бознашр аз Радиои Озодӣ