Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин масъалаҳои амниятиро баррасӣ мекунанд

$
0
0

Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Тоҷикистон  барои иштирок дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт.

Вазирони мудофиаи кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон имрӯз, 24 апрел атрофи масъалаҳои рӯзмарраи таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Тавре Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гузориш додааст, дар машварат тадбирҳои муштарак оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав дар минтақаи зери масъулияти СҲШ баррасӣ мешаванд.

Зимни машварат ҳамчунин аз ҳамкориҳои низомӣ дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи ҳарбӣ дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби иштирокчиёни машварат оғоз бахшидан ба фестивали мусиқӣ-ҳарбии кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2018 дар Чин баргузор мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>