Федератсияи Русия ҷиҳати мусоидат ба таҳкими омодагии муҳорибавии кишварҳои узви СААД ба Тоҷикистон ва Қирғизистон таҷҳизотҳои ҳарбии замонавӣ ирсол мекунад.
Тавре РИА Новости хабар медиҳад, Вазорати мудофиаи Русия барои пешгирӣ аз ворид шудани ҷангҷӯёни шимоли Афғонистон ба қаламрави кишварҳои ҳампаймони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ тадбирҳо меандешад.
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, дар мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки имрӯз дар ҳоли баргузорист, дар ин бора изҳор намуда гуфт, ки Русия ба кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҷҳизотҳои ҷангии замонавӣ мефиристад.
«Бо ин роҳ сатҳи омодагии ҳарбии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон баланд бардошта мешавад ва ҳамчунин ба афзоиши иқтидори ҷангии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд мусоидат хоҳад шуд», — гуфт Шойгу.
Вазири дифоъи Русия хотиррасон кард, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон машқҳои ҳарбии зиддитеррористӣ гузаронида шуданд.
“Инчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон машқи ҳарбии «Иссиқкӯл-Антитеррор 2018” гузаронида хоҳад шуд. Дар моҳи октябр бошад, тибқи нақшаи ягона, баргузории як қатор машқҳои ҳарбӣ бо ҷалби нерӯҳои низомии узви СААД — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст”,- изҳор намуд Сергей Шойгу.