Нишондиҳандаи гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали сол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба ду баробар боло рафтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвари ҳамсоя дар семоҳаи аввал 41,5 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбати январ-марти соли 2017 1,8 маротиба бештар аст, хабар медиҳад хабаргузории “Авесто”.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан маҳсулоти хом содир ва аз онҷо маҳсулоти тайёр ворид мекунад. Тибқи маълумоти мақомоти бахши иқтисодии Тоҷикистон, ба рӯйхати маҳсулоти содиршаванда ҳамчунин семент ва реги квартсӣ (ин рег барои истеҳсоли шиша ба кор меравад) ворид ҳастанд.
Маҳсулоти аз Ӯзбекистон воридшавандаро аз маводи хӯрокворӣ то худгардҳо ташкил медиҳанд.
Дар нишасти соҳибкорони ду кишвар, ки 9-март баргузор шуда буд, байни ширкату корхонаҳо шартномаҳои зиёде ба имзо расиданд, ки дар назар аст гардиши молро боз ҳам бештар кунанд. Аз ҷумла содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ва воридони гоз аз онҷо ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.
Ба рӯйхати молҳои содиркунанди Тоҷикистон ҳамчунин кабел, гилем, масолеҳи сохтмон, ангишт ва ғайра шомил ҳастанд. Қаблан иттило дода шуда буд, ки Тоҷикистон ният дорад солона 1,5 млрд Кв/соат барқ ба кишвари ҳамсоя содир кунад.
Тибқи омор, гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2017 беш аз 126 миллион долларро ташкил додааст. Ҳаҷми маҳсулоти содирашаванда ба Ӯзбекситон 45 дарсади ҳаҷми гардиши мол, ё 57 миллион долларро ташкил дод.
Ҷонибҳо ният доранд ҳаҷми гардиши молро дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллар бирасонанд.