Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Курсҳои касбӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон

$
0
0

7 майи соли 2018 дар муассисаи ислоҳии ш. Ёвон Маросими расмии ифтитоҳии курсҳои касбӣ баргузор гардид. Дар муассисаи ислоҳии мазкур синфхона ва коргоҳҳо таъмир шуда, бо лавозимоти муосир барои баргузории курсҳои омӯзишӣ маҷаҳаз гардонида шуданд. Шароити беҳтари фароҳамовардашуда барои гузаронидани курсҳои касбии дуредгарӣ ва кафшергари барқӣ ба маҳкумшудагони ин муассисаи ислоҳӣ равона шудааст. Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.

Ба маросими расмии ифтитоҳии курсҳои касбӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон, Сафир Найтхарт Хёфер-Виссинг, Роҳбари шӯъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мачей Адам Мадалински, ва Роҳбари минтақавии DVV International дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Леван Квачадзе, ташриф оварданд.

Аз сафари намояндагони расмӣ ба муассисаи ислоҳии шаҳри Ёвон, муовини вазир/сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода ва сардори муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Ёвон подполковник Дилшод Сафаров истиқбол гирифтанд. Шахсони мансабдори давлатӣ, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмонро дар таъмини дастрасӣ ба таҳсилот барои маҳбусони қадрдонӣ карда, оиди саривақтӣ ва мутобиқати фаъолияти лоиҳа ба талаботи имрӯзаи кишвар ва гурӯҳи мақсаднок дубора таъкид карданд. Сафари расмӣ, инчунин дидан аз синфхонаҳои таъмиру азнавсозишуда ва муоширати ғайрирасмӣ бо маҳбусон /иштирокчиёни курсҳои касбӣ, ки дар муассисаи ислоҳии мардона ба роҳ монда шудааст, дар бар гирифт.

Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон” аз ҷониби DVV International дар ҳамдастӣ бо ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоити қонун” амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи дусолаи мазкур барои дастгирии 450 нафар маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии №3/8 дар шаҳри Норак ва №3/6 дар шаҳри Ёвон, инчунин 800 нафар собиқ маҳкумшуда дар 10 шаҳру навоҳии кишвар, равон шудааст. Лоиҳа ба татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шахсони маҳкумшуда тариқи ҷалби онҳо ба фаъолияти таълимӣ ва истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки маҳбусон ба дониш ва маҳоратҳои нав фаро гирифта шуда, инчунин ба рушди фаъолияти фоиданок бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти худ дар муассисаи ислоҳӣ, машғул шаванд. Дастгирии шахсони аз маҳбас озодшуда ба воситаи машваратҳо оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва хизматрасонии роҳнамоӣ гузаронида мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>