Дар шабакаи интернет наворе пайдо шудааст, ки аз тарафи як мусофири тоҷик сабт шуда, аз ғорати мусофирон дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав аз тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳикоя мекунад.
Маълум нест онҳо намояндагони “Сомонэйр” ҳастанд ё “Тоҷикэйр”, дар сабт нишони ба гардан овехтаи онҳо хонда намешавад. Ин намояндагон, ки аз се нафар иборатанд, аз мусофирон барои бағоҷи дастӣ пул меситонанд.
Сабткунандаи видео мегӯяд онҳо мусофиронро ба як тараф мебаранд ва аз онҳо барои бағоҷи дасти пул мегиранд. Як нафар аз ин намояндагонро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки сардорашон ҳамин аст.