Субҳи имрӯз Неъматова Зӯҳро, модари Абдусамад Абдусатторов, ки дар тазоҳуроти Варшава ширкат дошт, бар асари сактаи дил бар асари истинтоқ ва фишори зиёди мақомоти амниятӣ дунёро падрӯд гуфт.
Абдусамад Абдусатторов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баъди фишори зиёди мақомоти амниятӣ Тоҷикситонро тарк карда, дар Лаҳистон паноҳанда шуда буд. Бо гуфтаи худаш баъди ҳиҷрати ӯ, сар аз 31-уми август фишори кормандони Кумитаи амният ва ВКД болои хонаводааш оғоз шуда буд.
Вақте Абдусамад дар тазоҳуроти мусолиатомези Варшава ширкат кард, фишор болои модари 67-солаи ӯ шиддати бештар касб кард ва Зӯҳро Неъматова ба ин фишорҳо тоб наоварда, дар асари сактаи дил ва фишори баланди хун ҷон ба ҷонофарин супорид.
Маълумоти бештар ба зудӣ нашр мешавад.