Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ошуфтагии раҳбарони КДАМ дар ҷаласаи дирӯзи он

$
0
0

Бо иттилои манбаъи Паём.нет дирӯз дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷаласаи оҷил дар масъалаи тазоҳуроти Варшава баргузор гардидааст, ки дар сатҳи як ошуфтагиву парешонии умумӣ сурат гирифтааст.

Раҳбарони ин ниҳод аз нокомии намояндагонашон ва намояндагони ҳукумати кишвар дар Варшава сахт нороҳат будаанд ва сӯҳбаташон дар ҷаласа хеле дурушт ва бо асабоният будааст. Манбаи мо мегӯяд роҳбарони ниҳод бо тобеъони худ бо таҳқиру дашном муроҷиъат мекарданд ва онҳоро дар азӯҳданобароӣ ва шармандашавии намояндагии ҳукумат айбдор медонистанд.

Яке аз ҷонишинони Ятимов ба тобеонаш гуфтааст “…и очаҳо аз ӯҳдаи ягон кор набаромадед. Оппозитсия ҳама ҷора пур кард, шармандамона баровард. Рӯзи якум гуфтед то пагоҳ тинҷ мекунем, ку тинҷи кардагитон?”

Роҳбарони КДАМ ба тобеонашон супориш додаанд бо ҳар роҳе пеши роҳи мухолифин дар Варшава гирифта шавад, то дигар дар ҷаласа ширкат накунанд.

Ҳамчунин манбаи дигари мо иттило медиҳад, ки барои фардо ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар дар ҳамин масъала даъват шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>