Вазорат молияи Амрико тайи баёнияе эълом кард, ки дафтари контроли амволи хориҷии вобаста ба ин вазоратхона 6 шахси воқеъӣ ва 3 ширкати муртабит бо Эронро ба рӯйхати таҳрими худ афзудааст.
Бар ин асос, 3 нафар аз 6 шахси таҳримшуда эронӣ буда, 3 ширкати изофашуда ба рӯйхати таҳримҳо дар Эрон ба сабт расидаанд.
Дар иттилоияи вазорати молияи Амрико ҳамчунин эълом шудааст, ки ин 6 нафар ва яке аз ширкатҳои таҳримшуда бо Сипоҳи посдорони Эрон дар иртибот будаанд.
Гуфтанӣ аст, сешанбеи ин ҳафта Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо имзои фармоне кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ кард.
Вазорат молияи Амрико низ эълом кард, ки даври нави таҳримҳо алайҳи Эрон 6 август ва даври дуввуми он 4 ноябр ҷорӣ хоҳад шуд.