Ширкати «Мён Сунг»-и Кореяи Ҷанубӣ, ки дар гармхонасозӣ маъруф аст, дар вилояти Суғди Тоҷикистон гармхонаҳои замонавӣ бунёд хоҳад кард.
Зимни мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ин ширкат Чон Ёнг Сун ин тасмим гирифта шуд ва таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал то 10 гармхонаи замонавии муштарак сохта шавад.
Мён Сунг яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ аст, ки бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои нав ҳамкорӣ менамояд. Ин ширкат, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усули гидропоникӣ гармхонаҳои муосирро бунёд кардааст, ки дар онҳо помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ истеҳсол карда мешаванд.
Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки чанде қабл тоҷирону соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, аз гармхонаҳои муштарак, ки бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта шудаанд, боздид ва ба фаъолияти онҳо мароқ зоҳир намуданд.
Роҳбари ширкати кореягӣ доир ба таҷрибаи хеш дар самти бунёди гармхонаҳо дар Ӯзбекистон маълумот дода, илова кард, ки бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд намудани гармхонаҳо имкон медиҳад, ки аз як гектар то 200 тонна ҳосил рӯёнида шавад.