Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Собиқ раиси ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа боздошт шудааст

$
0
0

Анвар Қурбонов, собиқ раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Сарбанд ва шаҳри Қурғонтеппа боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Қурбонов Анвар Гулматовичи 55 сола то замони баста шудани ҲНИТ масъулияти раисии бахшҳои ин ҳизб дар ноқияи Сарбанд ва шаҳри Қурғонтеппаро ба дӯш дошт. Ӯ ҳамчунин ба тиҷорати мева машғул буд.

Масъулини ҲНИТ ба Паём гуфтанд, Анвар Қурбонов  аз собиқадорони ҳизб дар ноҳияи Сарбанд буда, баъди манъи фаъолияти ҲНИТ тибқи талаби мақомоти интизомӣ бо ариза аз он хориҷ шуда буд.  

Қаблан ҳам расонаҳо дар бораи боздошти аъзои собиқи ҲНИТ дар навоҳии гуногуни кишвар хабар дода буданд. Аз ҷумла дар навоҳии Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд беш аз 30 аъзои ин ҳизб боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Боздошти аъзои собиқи ҲНИТ дар ҳолест, ки мақомот тавассути наздикону хешовандон ба он аъзое, ки ҳиҷрат кардаанд занг зада, аз он мехоҳанд ба кишвар баргарданд. Мақомот борҳо кафолат додаанд, ба онҳое, ки бармегарданд, ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад, вале баъди баргаштан онҳо ё ҳабс мешаванд ва ё шиносномаҳояшон гирифта шуда, пайваста зери фишори мақомот қарор доранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles