Дар ҳоле, ки Амрико бо ветои қатъномаи пешниҳоди Кувайт дар бораи хушунатҳои хунини ахир дар Ғазза монеъ аз тасвиби он дар ҷаласаи дирӯзи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид шуд, пешнависи пешниҳоди Амрика, ки дар он Ҳамос гунаҳкор муаррифи шуда буд ҳам натавонист ҳатто як раъйи мусбат ба ғайр аз худ Амрика касб кунад.
Бо гузориши ВВС асри ҷумъа, 1 июн понздаҳ узв Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид пас аз чанд соат баҳс ва гуфтугӯ бар сари ду пешнависи пешниҳодӣ ба раъй нишастанд.
Пешнавис нахуст, ки аз сӯи Кувайт ба рӯӣ миз гузошта шуда буд ва дар он аз бакоргирии хушунати афзоянда аз сӯи Исроил интиқод шуда буд, бо 10 раъйи мусбат 4 раъйи бетараф ва танҳо як раъйи мухолиф аз сӯи намояндаи Амрико вето шуд.
Пешнависи дуввум аз сӯи Амрико матраҳ шуд, ки дар он гурӯҳи Ҳамос муқассири хушунатҳои хунин дар навор Ғазза ва марзи ин минтақа бо Исроил муаррифӣ шуда буд, аммо ин пешнавис бо 11 раъйи бетараф ва 3 раъйи мухолиф дар баробари танҳо як раъйи мусбате, ки Амрико ба худаш дода буд, ноком монд.
Ба гуфтаи хабарнигори ВВС ин, ки Амрико пешнависеро дар ҷамъи 15 узви Шӯрои амният тарҳ кунад ва танҳо мувофиқи он худаш бошад, бесобиқа аст.
Дар пешнависи пешниҳодии Кувайт, ки кишварҳои арабӣ ва мусулмон ҳудуди ду ҳафта бар сари матни он ройзанӣ карда буданд, омада буд барои таъмини амнияти ҷонии сокинони Ғазза агар лозим шавад бояд як механизми байналмилалӣ дар назар гирифта шавад. Дар ин пешнавис ҳамчунин ба коргирии хушунати афзоянда ва номутаносиб аз сӯи Исроил ва ракетпароканӣ аз сӯи Ғазза ба манотиқи маскунӣ дар Исроил маҳкум шуда буд, ҳарчанд номе аз Ҳамос дар он дида намешуд.
Ҳамин мавзӯъ бо мухолифати шадиди Ники Ҳели, сафири Амрико дар Созмон милали муттаҳид рӯбарӯ шуд, ки ин пешнависро ҷонибдорона ва яктарафа хонд ва бо истифода аз ҳаққ ветои худ ба унвони танҳо раъйи мухолиф дар миёни 15 узви ҳозир дар ҷаласа, аз тасвиби он ҷилавгирӣ кард.
Бритониё узви дигари доим ва соҳиби ҳақи вето дар ин ҷаласа ба ин пешнавис раъйи бетараф дод, аммо Русия, Чин ва Фаронса, се узв доими дигар ба он раъйи мусбат доданд ва ин пешнавис дар ниҳоят бо 10 раъйи мусбат, 4 раъйи бетараф ва як раъйи мухолиф (Амрико) тасвиб нашуд.
Аммо пешнависи баъдӣ, ки аз сӯи Амрико тарҳ шуда буд ва дар он номи Ҳамос ба унвони муқассир муаррифӣ шуда буд, ба таври бесобиқае дар инзиво монд ва ба ғайр аз Ники Ҳели, ки ба он раъйи мусбат дод, ҳеҷ кадом аз 14 узви ҳозири дигар ба он “оре” нагуфтанд. Ин пешнавис ҳам бо 11 раъйи бетараф, 3 раъйи мухолиф ва танҳо як раъйи мувофиқ (Амрика) канор гузошта шуд.
Даргириҳои хунин дар навори Ғазза тайи ду моҳи гузашта ба кушта шудани беш аз 100 фаластинӣ анҷомида ва як бори дигар оташи хушунат дар ин бахш аз сарзаминҳои ишғолиро шӯълавар кардааст.