Аз замони касби истиқлол дар соли 1991 то авоили 2002 бахше аз қаламрави Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи феълии Спитамен таҳти кунтрули Ӯзбакистон қарор дошт.
Касе аз мардуми маҳаллӣ тасаввур намекард, ки замоне ин минтиқа дубора моли Тоҷикистон хоҳад шуд.
Вале фарде пайдо шуд, ки хост ин вазъро тағйир диҳад ва «бидуни иҷозаи» мақомоти марказӣ вориди амалиёте бо низомиёни ӯзбак шуд ва ин қитъаи хоки Тоҷикистонро бозпас гирифт.
Рустам Саидов, собиқ раиси бахши пулиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, барои ин корнома ҳеч гуна ҷоиза нагирифт, балки дар ниҳоят, аз суфуфи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Ҳамкорамон Искандари Фирӯз бо оқои Саидов дар бораи ин ҳодиса сӯҳбате ихтисосӣ анҷом додааст:
Оқои Саидов, аз Шумо ба унвони як паҳлавони саршинос ном мебаранд. Шумо дарвоқеъ варзишгар ҳастед?
Мо авлодан варзишгар ҳастем. Падарам 12 маротиба қаҳрамони кишварҳои Осиёи Миёна дар куштӣ буд. Ман ҳам мисли бародаронам дар чанд мусобиқа пирӯз шудам. Аслан, мо чаҳор бародар, ҳама дар ниҳодҳои мухталифи интизомӣ сарҳанг (полковник) будем ва ҳастем.
Баъд аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд дар соли 1998 маро бо фармони вазири вақти умури дохилаи Тоҷикистон, Ҳумдин Шарипов, ба симати раиси пулиси ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен)-и вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) таъйин карданд. Тақрибан панҷ сол дар ин ноҳия ифои вазифа кардам.
Миёни мардум ривоёте ҳаст, ки замоне ки Шумо ба унвони раиси пулиси ноҳияи Спитамен тавонистед аз Ӯзбакистон бахше аз қаламрави Тоҷикистонро бозпас бигиред. Ин ҳодиса кадом сол иттифоқ уфтод?
Ин ҳодиса дар тобистони соли 2002 рух дод. Он замон марзбонони ӯзбак дар хатти марз аз бетон саддҳо сохта ва симхор мекашиданд. Марзбонони ӯзбак нисбат ба сокинони навоҳии марзии Тоҷикистон муносибати баде доштанд. Ҳатто чанд маврид буд, ки ман ночор шудам биравам ва аз сагхонаи марзбонони ӯзбак дар посгоҳи “Плотина” шаҳрвандони тоҷикро озод кунам.
Арзу шикояти мардум алайҳи онҳо зиёд шуда буд. Марзбонони ӯзбак аз сокинони Тоҷикистон барои убур аз марз пайваста ришва меситонданд. Онҳо нисбат ба мардуми тоҷик бадбинӣ доштанд.
Гуфта мешуд, ки посгоҳи “Плотина” бахше аз қаламрави Тоҷикистон аст. Вале чаро он ҷо марзбонони ӯзбак мустақар буданд?
Тибқи харитаву нақшаҳои замони Шӯравӣ он ҷо қаламрави Тоҷикистон буд. Ман ба ниҳодҳои марказӣ дар ин бора гузориш кардам ва дар ниҳоят, як кумисиюни вилоятӣ таъсис шуд. Ман низ узви ин кумисиюн будам.
Дар ҷараёни кори ин кумисиюн бо ҷониби Ӯзбакистон музокирот доштем, вале натоиҷи онро ӯзбакҳо имзо намекарданд. Онҳо такия ба нақшаҳое, ки худашон таҳия карда буданд, иддаъо доштанд, ки он ҷо хоки Ӯзбакистон аст.
Ин посгоҳ барои Ӯзбакистон хеле муҳим буд. Зеро бахши аъзаме аз заминҳои Ӯзбакистон тавассути конол (оброҳ)-ҳое, ки аз Сирдарё об мегирифтанд, обшор мешуданд. Ба ин далел онҳо намехостанд, ки посгоҳи “Плотина”-ро аз даст бидиҳанд.
Аслан, қаламрави Тоҷикистон то ҳудуди бозори шаҳри Бекобод аст. Дар замони Шӯравӣ онҳо ин қисмат аз хоки Тоҷикистонро барои 40 сол ба иҷора гирифта буданд. Вале замони иҷора кайҳо гузашта буд ва онҳо мебоист кунтрули ин қаламравро ба ихтиёри мо мегузоштанд.
То ҷойе ки ман иттилоъ дорем, аз “Плотина” чаҳор конол об мегирифт. Яке ба ноҳияи Мастчоҳ, яке барои вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ва ду конол барои худи Ӯзбакистон буд.
Вақте музокироти аъзои кумисиюн дар шаҳри Бекободи Ӯзбакистон баргузор мешуд, онҳо дарк карданд, ки даъвояшон беасос аст ва ба таҳдиду таҳқири мо оғоз карданд.
Баъди чунин муносибат тоқати ман аз даст рафт. Вақте ба Нов баргаштам, ба касе чизе нагуфтам ва як нақшаи низомӣ барои бозпас гирифтани қаламрави Тоҷикистон таҳия кардам.
Пеш аз ин, ҳамаи посгоҳҳои марзии Ӯзбакистон дар ин минтақа ва ҳаракати низомиёни ӯзбакро омӯхтам. Ман дар итоъати худ 92 корманди милиса (пулис) доштам. 15 нафари онҳоро дар маркази ноҳия мондам ва бо дигарон ба сӯйи марз рафтам.
Худи амалиёт аз соъати чаҳори субҳ то даҳи рӯз идома дошт. Дар ин муддат ҳамаи марзбонон ва низомиёни ӯзбакро, ки дар ин посгоҳ буданд, боздошт карда ва силоҳҳояшонро мусодира кардам. Вале сарбозонро, ки гуноҳе надоштанд, аз қаламрави Тоҷикистон берун кардам.
Амалиёт бидуни тирандозӣ анҷом ёфт. Мо бо истифода аз ҳамлаи ба истилоҳ “психологӣ” (равонӣ) пирӯз шудем. Зеро на лавозими низомии кофӣ доштем, на сарбозони зиёд.
Як мошини борбари низомиро аз марзбонон гирифта ва дар ақаби он аробаеро насб кардем. Сипас, як лӯлаи обрасониро бар болои ароба насб кардем, ки шабона ба тӯп шабеҳ мешуд. Мехостем ба ӯзбакҳо нишон диҳем, ки мо лавозими ҷангии кофӣ дар ихтиёр дорем.
Нерӯи марзбонони тоҷикро бо шумули маъмурони пулиси ноҳияи Нов пурзӯр кардам. Худи посгоҳи марзии Тоҷикистонро қариб якуним килуметр болотар, тақрибан дар даромадгоҳи шаҳри Бекобод ҷойгир кардам.
Вале ӯзбакҳо бо истифода аз ду БТР ва ҳашт мошини зиреҳпӯши “Хаммер” аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мо ҳамла карданд. Ман ҳамон ҷо ҳузур доштам. Онҳо мехостанд худи “Плотина” ё садди обанборро ба тасарруфи худ дароваранд.
Мо 6-7 дона норинҷакандоз доштем ва аз сарбозони худ хостам, ки мошинҳои низомии ӯзбакҳоро нишон бигиранд. Худам барои музокирот ба наздашон рафтам. Онҳо моро писанд намекарданд.
Ба ман гуфтанд, ки ту раиси пулиси ноҳия ҳастӣ ва чи коре ба марз дорӣ? Барояшон посух додам, ки ҳамзамон раиси ситоди муҳофизати ноҳияи Нов ҳастам ва таъмини назму тартибот дар қаламрави ноҳия вазифаи ман мебошад.
Онҳо аз норинҷакандозҳои мо огоҳӣ надоштанд. Барояшон панҷ дақиқа вақт додам, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд, вагарна ночор мешавам ба онҳо ҳамла кунам. Онҳо хандиданд ва суол карданд, ки бо кӣ ва бо чӣ ҳамла мекунӣ?
Баростӣ, қабл аз оғози ин амалиёт, аз ҷумлаи собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифон, ки як баталён (гурдон)-и онҳо дар ноҳияи Ғончӣ буд, бист нафарро ба ин амалиёт ҷалб карда будам.
Вақте ӯзбакҳо размандагони собиқи мухолифинро бо ришҳои дароз ва бо норинҷакандозҳо диданд, шигифтзада шуданд. Дар ҳамин ҳолат ман ба маъмурони пулис дастур додам, ки зуд ӯзбакҳоро боздошт ва силоҳҳояшонро мусодира кунанд.
Дар маҷмӯъ 82 нафар аз афсарон ва сарбозони ӯзбакро боздошт кардем. Дар миёни онҳо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Ӯзбакистон низ буд, ки исмашро фаромӯш кардам, вале ёдам ҳаст, ки рутбаи генерал-майор дошт.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури дохилаи Ӯзбакистон Зокир Олматов телефун ва таҳдидҳое кард. Барояш гуфтам, ки ту вазири ман нестӣ ва аз ту итоъат намекунам. Ҳар чӣ гуфтание дошта бошӣ, ба вазири умури дохилии Тоҷикистон бигӯ.
Магар то ин вақт мақомоти марказӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ вокунише ба ин қазия накарда буданд?
Баъд аз чанд соъат аз Душанбе ҳайъате ба раҳбарии Яҳё Азимов, нахуствазири вақти Тоҷикистон, омад. Вазири умури дохилӣ Ҳумдин Шарипов, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Абдураҳмон Азимов дар ин ҳайъат буданд. Баъд онҳо дастур доданд, ки боздоштшудагонро озод кунам.
Яҳё Азимов талаб кард, ки лавозими ҷангии онҳоро ҳам бозпас диҳам. Гуфтам, ки ин лавозимро ман дар амалиёти ҷангӣ ғанимат гирифтаам ва ин дигар моли Тоҷикистон аст. Вале нахуствазир ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ хоҳиш кард, ки лавозими ҷангиро баргардонам.
Муносибати онҳо ба амалиёте, ки Шумо анҷом додед, чи гуна буд?
Онҳо нахуст хостанд алайҳи ман барои «амали худсарона» парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Вале ман далелҳо пеш овардам, ки тибқи қонун амал кардаам. Бояд таъкид кунам, ки Қосим Қосимов, ки он замон раиси вилояти Суғд буд, аз ман сахт пуштибонӣ кард.
Як нуктаро низ мехоҳам таъкид кунам. Вақте ин посгоҳро таҳти кунтрул гирифтам, қад-қади хатти нави марз ҷӯйборҳо кофтам ва сарбозонро бо силоҳ дар он ҷо гузоштам. Тибқи иттилоъи мо, ҳамон шаб беш аз 18 ҳазор сокини шаҳри Бекобод аз тарси ҳамлаи тоҷикон ба Тошканд фирор кардаанд.
Баъд аз он ки ин қисмати хоки Тоҷикистонро бозпас гирифтем, 37 корхонаи санъатӣ моли Тоҷикистон шуд. Ин корхонаҳо дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд ва Ӯзбакистон онҳоро моли худ медонист.
Ин корхонаҳо ҳоло низ фаъоланд?
Бале. Ҳоло бархе аз онҳоро ҷониби Ӯзбакистон ба иҷора гирифта ва ба буҷети Тоҷикистон маблағ пардохт мекунад. Зеро акнун дар қаламрави Тоҷикистон бархе аз бахшҳои корхонаи тавлиди оҳани ин кишвар воқеъ шудаанд. Бархе аз корхонаҳоро соҳибкорони тоҷик фаъол карданд.
Вақте субҳи барвақт посгоҳи “Плотина”-ро гирифтем, он ҷо овезаи оҳанине бо рамзи парчами Ӯзбакистон буд. Шабона аз маркази ноҳияи Нов рассомеро пайдо кардам ва ӯ то субҳ ба ҷойи парчами Ӯзбакистон тасвири парчами Тоҷикистонро дар он овеза кашид.
Мардум субҳ бо таъаҷҷуб менигаристанд, ки шабона ин ҷо Ӯзбакистон буду ҳоло Тоҷикистон аст. Баъд аз ин ҳодиса ман аз сокинони чанд русто, ки солҳои тӯлонӣ қаламрави Ӯзбакистон маҳсуб мешуданд, тақозо кардам, ки дар мавриди шаҳрвандии худ тасмим бигиранд.
Зеро он замон бештари онҳо шиносномаҳои Ӯзбакистонро доштанд. Гуфтам, ки ё равед дар Ӯзбакистон зиндагӣ кунед, ё шиносномаҳои тоҷикӣ бигиред. Дар натиҷа, ҳудуди севуним ҳазор нафар аз ин сокинон табаъияти Тоҷикистонро дарёфт карданд.
Вале баъд аз ин амалиёт Шуморо қадрдонӣ карданд, зеро ҷасорат кардед ва бахше аз қаламрави Тоҷикистонро бозпас гирифтед?
Баъд аз ин ҳодиса ба ман рутбаи сарҳангро доданд. Дигар ҳеҷ чиз. Вале тибқи иттилоъи ман, аз он 82 нафар афсарони ӯзбак, ки оҳоро асир гирифта будем, ҳудуди чиҳил нафар зиндонӣ шуданд. Давлати ҳамсоя онҳоро барои тарки маҳалли хидмат муҷозот кардааст.
Ман аз давлати худамон ҳеҷ гуна ҷоиза ё мукофоте талаб накардаам. Ҳарчанд дар бораи бархе аз душманони миллат, ки ордену медалҳо гирифтанд, иттилоъ дорам.
Баъд аз ин ҳодиса, ман дар феҳристи Идораи амнияти Ӯзбакистон душмани рақами яки ин кишвар будам. Чанд маротиба алайҳи ман бо истифода аз одамони Маҳмуд Худойбердиев сӯиқасд ҳам ташкил дода шуд, вале шукри худо, зиндаам.
То замоне ки дар ноҳияи Нов хидмат мекардам, талош кардам истифода аз забони давлатӣ, яъне тоҷикиро, роиҷ созам. Бахши аъзаме аз сокинони ин ноҳия ӯзбакзабон ҳастанд.
Барои риъоят накардани муқаррароти қонуни забон чанд мақоми маҳаллиро ҳатто боздошт кардам. Овезаҳо ва шиъорҳое, ки ба забони ӯзбакӣ навишта шуда буданд, аз байн бурдам.
Мутаассифона, ҳоло нафароне мисли ман (ба давлат) лозим нестанд, ба онҳо шайтону дурӯяҳо даркоранд. Ман барои ватани худ хидмат кардам ва ба мукофоте ниёз надорам. То кай ман бигардаму зорӣ кунам, ки маро қадрдонӣ кунанд? Даркор нест.
Вале хидмати Шумо ки зоҳиран андак нест. Дар як сӯҳбат Талбак Назаров, вазири вақти хориҷаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки беҳбудии равобити Ӯзбакистон бо Тоҷикистон ба ҳалли қазияи посгоҳи “Плотина” бастагӣ дорад.
Талбак Назаров аз ин ҳодиса бахубӣ огаҳ аст. Мефаҳмед, ин сарбанд мисли устухонест дар гулӯи Ӯзбакистон. Зеро акнун мо кунтрули чаҳор коноли муҳимми обрасонии минтақаро дар даст дорем.
Ҳамчунин, роҳи мошингарди Спитамен ба Мастчоҳ боз шуд. Дар гузашта онҳо ночор буданд беш аз 150 килуметр фосиларо тавассути шаҳри Хуҷанд тай кунанд. Ҳоло ин фосила то 18 килуметр коҳиш ёфтааст.
Баъд аз ин ҳодиса маро раиси пулиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин карданд ва мардуми ин ноҳия миннатдории худро барои боз кардани ин роҳи мошингард пайваста ба ман изҳор медоштанд.
Баъд, муддате дар симати раиси бахши амнияти дохилии пулиси вилояти Суғд хидмат кардам.
То ҷойе огаҳӣ дорем, Шуморо аз суфуфи пулис ихроҷ карданд, чаро?
Вақте ки дар Хуҷанд кор мекардам, як ҳодиса рух дод. Ин дар солҳои 2006-2007 буд. Он замон Маҳмадназар Солеҳов (соли 2009 худкушӣ кард) вазири корҳои дохила буд. Кормандони бахше, ки раҳбарияшро ман ба ӯҳда доштам, яке аз пайвандони ӯро ба ҷурми ришваситонӣ боздошт карданд.
“Таға” ки надоштам, маҷбурам карданд, ки довталабона истеъфо диҳам. Вале нисбат ба касе кинаву адоват надорам. Аз ман барои ҳифзи вазифаам маблағ хостанд. Гуфтам, ки ҳаргиз бо пул вазифа нагирифтаам ва нахоҳам гирифт. Ман аз куҷо 50-100 ҳазор дулор пул меёбам? Ман ки ҷинояткор нестам.
Баъд аз ин ҳодиса се маротиба ба Ҳаҷ сафар кардам. Ҳоло ба тиҷорат машғулам ва шукри Худо, зиндагии осудае дорам. Ба парвашири асб ва ҳайвоноти дигари аҳлӣ машғулам.
Аз хурдӣ падарам Ҳоҷӣ Саидшариф, ки мудири маъорифи вилояти Кӯлоб буд, моро ба ростқавливу парҳез аз хилофкорӣ ҳидоят мекарданд. Ҷаноби олӣ (Президент Раҳмон) хонаводаи моро хуб мешиносад.
Фикр мекунам, раиси ҷумҳур аз он кирдорҳое, ки нисбат ба ман ва бародаронам шуд, огаҳӣ надорад.
Як бародарам, ки дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон фаъолият дошт, дар пайи фишорҳо ночор шуд Тоҷикистонро тарк кунад ва дар Идораи амнияти Русия (ФСБ) кор кунад. Ҳоло бознишаста аст.
Бояд бигӯям, ки мо ҳама бо роҳи бобоям Саидшо Назаров, ки замоне раиси Кумитаи амнияти (НКВД) Тоҷикистон буд, рафтаем.
Бо гузашти қариб даҳ сол аз ҳодисаи посгоҳи “Плотина” ва ихроҷ шуданатон аз пулис, ҳаргиз пушаймон нашудаед, ки барои ватан ҳамин гуна хидмат кардед?
Ҳаргиз. Ман аз ин ҷонбозиҳо зиёд кардаам. Дар замони ҷанги дохилӣ ман раиси бахши пулис дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фрунзеи шаҳри Душанбе будам. Он замон зердастони Суҳроб-командир ва дигарон дар шаҳр зиёд бетартибӣ мекарданд.
Ман рафта, баъзе аз зердастони Сӯҳробро аз ситодаш боздошт мекардам. Ман фармондеҳонеро, ки даст ба ҷиноят мезаданд, аслан эътироф намекардам.
Дар оғози ҷанги дохилӣ, вақте ки дар шаҳри Кӯлоб будам, ман дар канори Эмомалӣ Раҳмон будам ва раҳбарии дастаи ҳифозатии ӯро ба зимма доштам.
Аз ҳодисаи посгоҳи “Плотина” низ пушаймон нестам. Барои чӣ пушаймон шавам? Обрӯи тоҷиконро боло бурдам ва талаб кардам, ки ӯзбакҳо шаҳрвандони моро эҳтиром кунанд.
Агар ҳодисае рух диҳад, масалан, худо накунаду Маҳмуд Худойбердиев дубора ба Тоҷикистон ҳамла кунад, Шумо ба ҳифзи ватан бармехезед?
Бале, сарфи назар аз он ки ман дар суфуфи пулис ҳастам ё на, барои ҳифзи ватан омода ҳастам. Ва нафароне ҳам ҳастанд, ки дар ҳифзи ватан дар канори ман хоҳанд буд. Сарфи назар аз беъадолатиҳое, ки нисбат ба ману бародаронам карданд, мо ҳама ба ҳифзи ватан омодаем.
Бознашр аз ВВС тоҷикӣ, 12 августи 2011