Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Писари ҷенерол Раҷаб Ширин занашро кушт

$
0
0

Бобоҷон Ширинов, писари собиқ раҳбари пулиси андози Тоҷикистон Раҷаб Ширин (Раҷабалӣ Ширинов) ҳамсарашро бо 14 зарби корд кушта ва аз хонааш фирор кардааст. Эҳтимол меравад ӯ ба зодгоҳаш — ноҳияи Данғара рафтааст.

Тибқи иттилои сомонаи “Ахбор” як гурӯҳи калони кормандони пулис барои дастгир кардани ӯ ба ин ноҳияи эъзом шудаанд. Ин сомона хабар додааст шоми 6 июн Моҳира Ятимова — ҳамсари собиқи писари генерал Ширинов ҳамроҳи як дугонааш барои аёдати фарзандонаш ба манзили Шириновҳо дарм маҳаллаи «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе меояд.

Баъди ҷудо шудан аз ҳамсараш дар як соли пеш Бобоҷон Ширинов, писари Раҷаби Ширин фақат як кӯдакашро ба ӯ дода, ду писари дигарашро пеши худ гирифтабуд ва модарашон ҳар сари чанд вақт ба аёдати онҳо меомад. Шоми 6 июн низ ӯ ба дугонааш гуфтааст, ки биё биравем, мехоҳам ба кӯдаконам қабл аз иди Рамазон ягон тӯҳфа барам.

Келини собиқи Ширинов бо дугонааш қабл аз намози шом вориди манзили Шириновҳо дар «1-ум Советский” шуда, дар саҳни ҳавлӣ бо шавҳари собиқи ин зан рӯбарӯ шудаанд.

Дидори рӯбарӯи зану шавҳари собиқ зуд ба муноқиша печид. Сабаби муноқишаи онҳо рӯшан нест, вале натиҷаҳои хунинаш маълум аст: Писари генерал Ширинов ҷоғи дугонаи зани собиқашро зада мешиканад ва он зани бечора аз тарс аз ҳавлӣ фирор мекунад.

Бобоҷон Ширинов дар сари ҷаҳл ба ҳамсари собиқаш дарафтода, ӯро 14 зарбаи корд мезанад.

Баъди онки мефаҳмад, ки ҳамсарашро куштааст, Бобоҷон Ширинов аз хона фирор мекунад.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии шаҳри Душанбе ба сомонаи «Ахбор” гуфт, гумон меравад, ки ӯ ба зодгоҳаш – ноҳияи Данғара паноҳ бурда бошад. Ба ин далел, як гуруҳи кормандони милитсияро барои таъқиб ва боздошти вай алакай ба Данғара фиристодаанд.

Бобоҷон Ширинов 33 сол дошта, қаблан дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳайси котиб кор мекард.

Генерал Раҷабалӣ Ширинов (Раҷаби Ширин) як нафари дар гузашта хеле пурнуфуз дар клани Данғара ба шумор мерафт. Раҷаби Ширин аз миёёнаҳои солҳои 90 то замони барҳам хӯрданаш дар соли 2007 сардори Политсияи андози Тоҷикистон буд.

Вақте политсияи андозро барҳам дода, ба ҷои он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис доданд, Раҷаби Ширин ба мақоми муовини сардори ин Агентӣ таъйин шуд.

Аммо моҳи феврали соли 2015 дар пайи интиқоди шадиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ шуморе аз раҳбарони ин ниҳодҳо, аз ҷумла се муовини сардори Агентии мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷобирзода, Милопар Бандишозода ва Раҷабалӣ Ширинов аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Дар пайи он суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳамчунин прокурорҳои ҳарсе вилояти Бадахшону Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе низ аз мақомҳои худ барканор шуда буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>