Рӯзи 4-уми июни соли равон дар масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Варшаваи пойтахти Лаҳистон, озмуни ҳофизони Куръони карим, байни наврасон доир гардид.
Дар озмун наврасон аз кишваҳои мухталиф ширкат намуданд.
Се довар аз ҳофизони кулли Қуръони карим озмунро доварӣ карда, натиҷаи озмун бегоҳи 7- уми июн бо ҳузури уламо ва раисони марказҳои исломии Лаҳистон ва муфтии шаҳри Варшава эълон шуд.
Дар натича эълон гардид , ки 4 нафар аз навҷавонон барандаи ин озмун шудаанд.
Аз ҷумла, Ёсумани Муҳаммадсаид (фарзанди Мухаммадсаид Ризоӣ)аз Точикистон, сазовори мақоми аввал;
Шаҳодати Сайидабдусаттор (фарзанди Эшони Абдусаттор) аз Точикистон, сазовори мақоми дуввум;
Муҳаммадҷони Исломуддин ( фарзанди Домулло Исломуддини Сайид) аз Точикистон, сазовори ҷои сеюм;
Ва Холид Тамимӣ аз Ҷумхурии Мисри араб, сазовори мақоми чаҳорум гардиданд.
Ғолибони озмун, аз тарафи баргузоркунандагони мусобиқа, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.