Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ҲНИТ: Дар Тоҷикистон боздошту шиканҷаҳо идома доранд

$
0
0

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз идомаи боздошту фишорҳо дар Тоҷикистон хабар дод ва аз ҷомеъаи чаҳонӣ, кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмиллалӣ хост ба ин масъала расидагӣ кунанд.  

Дар изҳоро омадааст бо вуҷуди ин ки ҲНИТ эълом дошта буд, ки фаъолияти худро дар дохили кишвар қатъ кардааст, дар камтар аз як соли охир беш аз 100 нафар собиқ аъзо ва тарафдорони ин ҳизб боздошт шудаанд ва ду нафар бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст додаанд. 5 нафари ин боздоштшудаҳо то ҳол дар СИЗО қарор дошта, 27 нафар аз 3 то 25 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ному насаб ва баҳонаи боздошти онҳову ҳукмашон ҳам дар як лист нашр шудааст.

ҲНИТ гуфтааст ҷону озодии ҳамаи тарафдорони мухолифин дар кишвар зери хатар қарор дорад ва имконияти боздошт, шиканҷа, зиндонӣ шудан ва фишору таъқиб ҳамеша вуҷуд дорад.

Матни пурраи изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи мавҷи ҷадиди боздоштҳо ва интиқомгирии ҳукумати ҶТ нисбати мухолифин (Листи боздоштшудагон ва шуҳадо)

Раёсати Олии ҲНИТ мавҷи ҷадиди боздоштҳо ва интиқомгирӣ нисбати мухолифин, бахусус собиқ аъзои ҲНИТ-ро ки аз нимаи дуюми соли 2017 то кунун идома дорад, шадидан маҳкум намуда, онро ғайриахлоқӣ ва идомаи аҳдшиканиҳои ҳукумат медонад.

Ҳанӯз соли 2015 раҳбарияти ҲНИТ эълом дошта буд, ки фаъолияти худро дар дохили кишвар қатъ кардааст ва касе ҳақ надорад аз номи ҳизб фаъолият кунад. Инчунин, Вазорати дохилаи кишвар эълон карда буд, ки касеро барои узвияти ҲНИТ ё ҳамкорӣ бо он дар замони фаъолияти расмӣ мавриди таъқиб қарор нахоҳад дод. Аммо, мисли ҳамеша раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон ба қонунгузорӣ ва ваъдаҳои худ пойбандӣ нишон надода, шуруъ аз нимаи дуюми 2017 то имрӯз беш аз 100 собиқ мухолифинро боздошт кард, ки аз ин 2 нафарашон бар асари шиканҷа дунёро падруд гуфтанд, 5 нафарон дар СИЗО қарор доранд ва 27 нафар аз 25 то 3 сол равонаи зиндон шуданд. (Барои тафсилоти бештар ба замима нигаред)

Ин ҳама баёнгари он аст, ки ҳукумат ба хотири нигаҳ доштани мардум дар ҳолати тарси ҳамешагӣ сиёсатҳои интиқомҷӯёна ва саркубгароёнаи худро идома медиҳад, ки ҷону озодии ҳамаи тарафдорони мухолифин дар кишвар зери хатар қарор мегирад ва имконияти боздошт, шиканҷа, зиндонӣ шудан ва фишору таъқиб ҳамеша вуҷуд дорад. Ҳукумат бо таҳдид ва роҳҳои дигари ғайриқонунӣ ба сафари шаҳрвандон, ба хусус барои тарафдорон ва аъзои хонаводаи фаъолони сиёсӣ монеа эҷод намуда, Ватанро ба як зиндони бузург барои онҳо табдил додааст.

Ҳамчунин ҳукумат дар пайи суҳбатҳои видеоӣ ва зиндаи масъулину фаъолони ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фишорро болои хонаводаҳои онҳо ташдид кардааст ва ин мавҷи фишорҳо болои хонаводаҳои фаъолон дар саросари кишвар идома дорад.

Ин иқдоми талофиҷӯёна ва носанҷидаи ҳукумат нисбати мухолифини собиқ ва аъзои хонаводаи фаъолони сиёсӣ боис шудааст, ки танҳо соли 2017, бино ба гузориши ахири созмони “Хонаи Озодӣ”, 3320 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои ғарбӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд ва ин раванд ба таври бесобиқа идома дорад. Мухолифини собиқ ба хотири ҳифзи ҷону номуси худ роҳе ҷуз тарки Тоҷикистонро надоранд.

Раёсати Олии ҲНИТ бори дигар диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои дуст ва шарики Тоҷикистонро ба вазъи таҳдидкунандаи ҷонибдорони мухолифин, аъзои хонавода ва мардуми дигарандеш ҷалб намуда, тақозо менамояд, ки барои таъмини озодӣ ва амнияти ҷонибдорони мухолифин, дигарандешон ва наздиконашон чораҳои лозимиро бияндешанд.

Раёсати Олии ҲНИТ
11.06.2018


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>