Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Масъулин супориши раисҷумҳурро иҷро намекунанд ё ӯ дурӯғ мегӯяд?

$
0
0

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд аз шеваи пешвозгириаш интиқод кардааст. Ӯ масъулинро бинобар истифодаи наврасону духтарон интиқод карда, гуфтааст, ки “ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед?”

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷабр дидани мардум ҳангоми пешвози ӯ ҳам эътироф кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба наврасоне, ки аз хунукӣ меларзиданд гуфтааст “Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзида истодааст. Инсоф доред?”

Ҳамчунин Раисҷумҳур эътироф кардааст, ки қаблан ҳам на як бору ба масъулин чунин супорише дода буд. Яъне ин бори аввал нест, ки супориши ӯ дар ин маврид иҷро намешавад. Пас мешавад яке аз ин ду хулоса баровард: ё гапи раисҷумҳур ба тобеъинаш намегузарад ё ӯ ин ҳарфҳоро на барои масъулин, балки барои шунидани расонаҳо мезанад.

Ҳоло бубинем кадоме аз ин хулосаҳо ба ҳақиқат наздиктаранд.

Хулосаи аввал: гапи Эмомалӣ Раҳмон ба тобеъонаш намегузарад

Аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ мешавад хулоса кард, ки масъулини шаҳру навоҳӣ, ёрдамчиён ва руасои вилоятҳо на танҳо супоришҳои раисҷумҳурро иҷро намекунанд, балки онро ба як пули пучак ҳам намегиранд: раисҷумҳур супориш медиҳад, ки дар пешвозаш аз наварсону духтарон истифода накунанд, вале онҳо баръакс ҳар дафъа шумори онҳоро бештар ва барномаҳояшонро рангинтар мекунанд.

Раиси як ноҳия ё вилоят барои пеш гузаштан аз раиси дигар дар рангинтар кардани пешвози раисҷумҳур, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо занон, наврасон ва ҳатто кӯдаконро зери офтоб, барфу борон ва гармову сармо машқ медиҳад. Ин машқҳо боиси сармозадагӣ, бемориҳои гуногун ва ҳатто марги кӯдакону наврасон мегардад. Чандин ҳодисаи марг дар чунин маъракаҳо то имрӯз ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳеҷ масъуле ҷазо нагирифтааст. Ягона танбеҳи онҳо ин аст, ки раисҷумҳур гоҳе мегӯяд “ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед?”

Хулосаи дуввум: раисҷумҳур дурӯғ мегӯяд

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле, ки гоҳ-гоҳ аз масъулин танқид мекунад, ки чаро наврасонро ба пешвози ман баровардед, худаш бо завқ ба шеъру сурудхонии онҳо гӯш медиҳад ва таъзими онҳоро қабул мекунад. Дар ҳоле, ки ҳангоми шеърхонии чанд нафари онҳо ва лаззатбарии раисҷумҳур аз он, чандсад нафари дигар аз хунукӣ ларзида истодаанд.

То ҳол ҷазо нагирифтани ҳеҷ масъуле барои ин кор ва ҳатто барои марги наврасон гувоҳи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ин корро манъ накардааст, балки ба он супориш додааст. Зеро агар масъулини маҳаллӣ бидуни супориш наврасонро як моҳ машқ медоданд, ҳатман барои беэҳтиётӣ ё беаҳамиятӣ ҷазо мегирифтанд. Ва вақте касе хост онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад, посух медиҳанд, ки “ман онҳоро бо супориши боло машқ медодам”.  

Агар Эмомалӣ Раҳмон рост мегӯяд, ки супориш додааст ба пешвозаш наврасонро наоранд, пас аз кор рондани як раиси ноҳия барои ин кор кофист, ки дигар ҳеҷ раисе ин корро накунад.

Пас ӯ дурӯғ мегӯяд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles