Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ифтихори зардолуӣ аз “пешво” ва иди нав

$
0
0

“Пешвои мо ифтихори мо”. Чунин шиорро мақомоти вилояти Суғд дар иди зардолу, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар он ширкат кард, бо олуву гелосу зардолу дар бо ҳаҷми 15 метри квадратӣ сохта, ба намоиш гузоштанд.

Аз зардолуву олу ва себу гелос шиорҳои дигаре аз қабили “Ваҳдат муборак”, “Ваҳлат пояи миллат”, инчунин рамзи ваҳдати миллӣ сохта шуда буданд.

Дар Иди зардолу, тибқи иттилои маркази матбуотии раисҷумҳур, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, аз қабилӣ «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир ҳосили хуби дарахтону сабзаҷот ва бунёди боғҳои навро низ ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Дар сафарҳои раисҷумҳур ба минтақаҳо низ ҳосили дарахтон ва замин чун дастоварди ин минтақа ба намоиш гузошта мешавад.

“Таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна дубора барқарор гардид.  Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1 ҳазору 40 ва имсол бошад, 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд”, омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.

Ҳамчунин дар ин сафари раисҷумҳур аз баргузории иди нав дар кишвар — Иди нон хабар дода шуд. Ин ид ҳамроҳ бо Иди зардолу ва Иди асал таҷлил гардид ва Эмомалӣ Раҳмон дар он ширкат карда, ба нонпазҳо “дастуру ҳидоятҳои муфид дод”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>