Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Талаби Амрико ба худдорӣ аз хариди нафти Эрон ва ҷаҳиши нархи он

$
0
0

Яке аз мақомоти олирутбаи вазорати хазонадории Амрико дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон эълом кард, ки аз кишварҳо ва ширкатҳои муттаҳид мехоҳанд то воридот нафт аз Эронро то чаҳоруми ноябр мутаваққиф кунанд.

Дар ин баёния ба ширкатҳо ва кишварҳо ҳушдор дода шудааст дар сурати риоя накардани ин хоста ба таҳрим мувоҷеҳ мешаванд.

Ин мақоми амрикоӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ин вазоратхона дар ҳоли музокира бо кишварҳое монанди Туркия, Чин ва Ҳиндустон аст, ки харидори нафти Эрон ҳастанд.

Ба думболи ин баёния қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба суръат боло рафт ва қимат ҳар бшка нафти хоми Брент субҳ имрӯз, чаҳоршанбе, 27 июни 2018 дар бозорҳои байналмиллалӣ аз 76.51 доллар оғоз шуд ва бо резиш нисбӣ дар сатҳ 76 доллару 29 сент қарор гирифт.

Гуфтанӣ аст Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар таърихи ҳаштуми моҳи май зимни эъломи хурӯҷи ин кишвар аз БАРҶОМ, аз эъмоли “таҳримҳои иқтисодии бисёр қотеъ” алайҳи Эрон хабар дод.

Эрон ба унвони яке аз аъзои созмони ОПЭК то моҳе пеш рӯзона 3.8 миллион бушка нафт тавлид ва ба таври мутавассит беш аз ду миллион бушка низ нафт содир мекард.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>