Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кӯмаки 500 миллиондолларии Бонки ҷаҳонӣ ба Узбекистон

$
0
0

Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Узбекистон, маблағи 500 миллион долларӣ ихтисос дод.

Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тошканд эълом кард: кумитаи мудирони иҷроии ин бонк ихтисоси 500 миллион доллар барои ҳимоят аз ислоҳоти иқтисодӣ дар Узбекистонро таъйид кардааст.

Ин маблағ барои ҳимояти молӣ аз сиёсатҳои тавсеъа ҷудо гардида, боиси муваффақияти иқтисоди бозор ва таъсиси маҳалли касбу корҳои нав хоҳад шуд.

Сирил Мулер, раиси иҷроии Бонки ҷаҳонь дар ин бора гуфтааст: «Узбекстон дар марҳала таҳаввуле муҳим ва таърихии худ қарор дорад. Ҷудокунии маблағи мазкур барои ҳимоят аз ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисоди дар ин кишвар аст».

Лилия Бурунчук, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна низ изҳор дошта, ки ин маблағ ба сармоягузории бештар дар бахши хусусии Узбекистон кӯмак хоҳад кард.

Гуфтанӣ аст, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 17 пружа дар заминаҳои кишоварзӣ, энерҷӣ, ҳамлу нақл, омӯзиш ва таъмин оби ошомиданӣ то кунун маблағи 2.8 миллиард долларро дар ихтиёри Узбекистон қарор додааст.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>