Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Суғд эълон кард дар як солу панҷ моҳи гузашта ба хадамоти амниятиву интизомии ин вилоят муяссар шудааст беш аз 500 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизмро ошкор кунанд.
“Давоми як солу панҷ моҳ дар ҳудуди вилоят ҳудуди 8,7 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти алоқаманд бо терроризму экстремизм ошкор карда шудаанд, ки аз солҳои қаблӣ бамаротиб бештаранд” — иддао крад Эмомалӣ Раҳмон.
Ифшои беш аз 500 ҷинояти алоқаманд бо терроризму экстремизм дар ҳолест, ки на дар ҳудуди вилояти Суғд ва на умуман дар Тоҷиикистон давоми ин мӯҳлат ягон амалиёти террористӣ ба қайд гирифта нашудааст. Шумори умумии амалиёти террористии амалишуда дар Тоҷикистонро давоми 27 соли истиҷлолият метавон бо ангушти як даст ҳисоб кард.
Агар шумори чунин ҷиноятҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ҳисоб карда шавад, шояд аз 2000 фаротра равад.
Чунин шумори зиёди ҷиноятҳои вобаста ба терроризмро ҳам метавон танҳо дар кишварҳое пайдо кард, ки онҷо ҷанг идома дорад — Ироқ, Афғонистон, Сурия, Либия ва ғайра.
Ҳатто дар Русия, ки гоҳ гоҳ амалиёти террористӣ рух медиҳад ва коршиносон мақомоти ин кишварро ба сохтакорӣ дар ифшои ин ҷиноятҳо муттаҳам мекунанд, чунин шумод ба қайд гирифта нашудааст. Дар тамоми Русия, ки аҳолиаш аз Тоҷикистон 20 баробар бештар аст (ва чоряки аҳолии Тоҷикитсон ҳам онҷо қарор доранд) дар ин муддат ҳамагӣ 873 ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризму экстремизм ошор крада шудаанд. Ва қисми зиёди онҳо баъди содир шудани ҷиноят.
Аммо дар Тоҷикистон тамоми ин ҷиноятҳо қабл аз содир шуданашон ошкор ва пешгирӣ крад шудаанд. Яъне 100%. Чунин дастоврад дар ягон гӯшаи дунё вуҷуд надорад. Боз ҳам дар ҳамон Русия аз рӯи омор ҳамагӣ 32%-и ҷиноятҳои вобаста бо терроризму экстремизм ошкор мешаванд.
Маълум мешавад, хадамоти амниятиву интизомии вилояти Суғд аз ҳамаи хадамоти мавҷуда дар ҷаҳон — CIA, MI6, ISI, ФСБ, МОССАД ва ғайра муваффақтаранд.