Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тағйироти ҷиддӣ дар қонуни муҳоҷирати Аврупо

$
0
0

Рӯзи ҷумъ, 29 июн сарони Иттиҳодия Аврупо дар Брюссел бар сари тағйироти муҳимме дар қавонини паноҳҷӯии иттиҳодия ба тавофуқ расидаанд.

Аз ҷумла дар маворид зер тасмимгири шудааст:

Муҳоҷирати дубора. Паноҳҷуёне, ки мушаххасоти онҳо дар як кишвари аврупоӣ сабт шуда, аммо ба кишвари дигаре мераванд. Дар баёнияи нишасти сарони сиёсии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел аз аъзо хоста шуда «муқаддамоти қонунӣ ва идории лозим дар арсаи милли»-ро фароҳам кунанд, то муҳоҷират дубора мутаваққиф шавад ва «барои расидан ба ин ҳадаф бо ҳам ҳамкории наздик кунанд». Ба ин тартиб сарони сиёсии Аврупо ба Ангело Меркел пуштибонӣ карданд. Меркел хостори қарододҳои «ду ва сеҷониба» дар сатҳи Аврупо шуда буд, барои бозгардондан паноҳҷуёне, ки мушаххасоташон дар кишвари дигаре сабт шудааст.  

Горди соҳили Либия: Либия мабдаи аслии ҳаракати паноҳҷуён аз Африқо ба Италиёст. Иттиҳодияи Аврупо солҳост ба шаклгирии Горди соҳилии Либия кӯмак мекунад. Вазифаи ин горд аз ҷумла ин аст, ки паноҳҷуёнро дар обҳои Либия наҷот диҳад ва ба кишвар бозгардонад. Сарони Иттиҳодия Аврупо дар нишасти Брюссел тасмим гирифтанд кӯмак ба Горди соҳилии Либия тақвият шавад. Бархӯрд бо қочоқчиёни инсон ҳам, ки макони фаъолияташон дар Либия аст, бояд «ташдид шавад».

Амалиёти наҷоти дарёӣ ба дасти созмонҳои ғайридавлатӣ: Италия ва Малта солҳост аз созмонҳои ғайри давлатии имдодрасоне, ки бо киштиҳои худ паноҳҷӯёнро дар обҳои Либия наҷот медиҳанд, интиқод мекунанд. Ин ду кишвар созмонҳои ёдшударо ба мусаллаҳсозии фаъолияти бандаҳои қочоқи инсон муттаҳам мекунанд. Италия ва Малта ахиран дар эътироз ба ин мавзӯъ бандарҳои худро ба рӯйи киштиҳои ин созмонҳо бастанд. Сарони сиёсии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел тасмим гирифтанд: «ҳамаи киштиҳои шиновар дар дарёи Медитарона бояд тобеъи қавонин бошанд ва набояд ба фаъолияти Горди соҳилии Либия халал расонанд».

Ӯрдугоҳҳои паноҳҷӯии хориҷ аз марзҳои Иттиҳодияи Аврупо: Сарони иттиҳодия хостори баррасии имкони таъсиси ӯрдугоҳҳои паноҳҷуён дар хориҷ аз иттиҳодия шуданд. Ин ӯрдугоҳҳо бояд барои риояти стандартҳои ҷаҳонӣ бо «ҳамкории наздик»-и комиссариати олии Созмон милали муттаҳид барои паноҳҷуён ва Созмони байналмилалии муҳоҷират барпо шаванд. То кунун ҳеҷ кишваре, масалан дар шимоли Африқо, ҳозир нашудааст мизбони чунин ӯрдугоҳҳо бошад.

Ӯрдугоҳҳои паноҳҷӯӣ дар дохили марзҳои Иттиҳодияи Аврупо: Италия дар тасвиби ин маврид нақши калидӣ дошт. Ин кишвар ба унвони дарвозаи аслии вуруди паноҳҷуён ба Иттиҳодияи Аврупо солҳост гилоя мекунад, ки танҳо мондааст. Сарони Иттиҳодия Аврупо дар Брюссел тавофуқ карданд, ки танҳо Италия мизбон набошад, балки паноҳҷуёни наҷотёфта аз дарё ба ӯрдугоҳҳое, ки кишварҳои дигари Иттиҳодия довталабона барпо кардаанд, мунтақил шаванд. Паноҳҷуёне, ки бо дархости паноҳандагияшон мувофиқат мешавад, аз ин марокиз ба кишварҳои дигари Иттиҳодия мунтақил мешаванд. Албатта ба шарте, ки кишваре мизбонии онҳоро бипазирад.

Марзбонони Иттиҳодия Аврупо: Ожонси марзбонии Иттиҳодияи Аврупо ҳам бояд «бештар тақвият шавад»; Ҳам барои ҳифозат аз марзҳои Аврупо ва ҳам барои дипорт кардани паноҳҷуёне, ки бо тақозояшон мувофиқат нашудааст. Ҳам имконоти ин ожонс ва ҳам ихтиёроти он қарор аст мавриди бозбинӣ қарор гирад.

Ислоҳи қонуни паноҳҷӯии Иттиҳодия Аврупо: Сарони Иттиҳодияи Аврупо қавонини паноҳҷӯиро ҳам ислоҳ кардаанд. Бар ин асос, ҳуқуқҳои паноҳҷӯён маҳдудтар мешавад ва паноҳҷӯёне, ки ба кишварҳои дигари узв иттиҳодия бираванд, ҷарима мешаванд. Ҳамчунин қарор аст мушаххасоти паноҳҷуён дар бонки иттилоотии ангуштнигории Иттиҳодия Аврупо (Еurodac) бо диққати бештаре сабт шавад.

Аъзои Иттиҳодияи Аврупо умедворанд дар бораи «муъоҳидаи Дублин» ҳам ба тавофуқи ҷамъи бирасанд. Бар асоси ин муоҳида, бояд ба дархости паноҳандагии паноҳҷӯён дар аввалин кишваре, ки ба он ворид мешаванд, расидагӣ шавад. Дарвозаҳои вуруди паноҳҷуён хостори тақсими одилонаи паноҳҷуён дар ҳама кишварҳои иттиҳодия ҳастанд. Кишварҳои шарқи Аврупо солҳост дар баробари тағйири муъоҳидаи Дублин муқовамат мекунанд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>