Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз поёни оташбас бо гурӯҳи Толибон хабар дод ва ба нерӯҳои амниятӣ дастур дод амалиёт алайҳи ин гурӯҳро аз сар бигиранд. Ҳанӯз ин изҳорот садо надода буд, ки Толибон як бандар дар сарҳади Тоҷикистонро ишғол карданд.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон имрӯз, шанбе тайи изҳороте дар як нишасти хабарӣ дар Кобул дар бораи раванди сулҳ ва оташбас дар ин кишвар гуфт: «оташбас бо гурӯҳи Толибон ба поён расида, оташбаси 17-рӯзаи давлат бо Толибон 98 дарсад муваффақ буда ва ҳоло вақти он аст то Толибон тасмим бигирад».
Аммо Толибон қабл аз субҳ тасмим гирифтанд ва бандари таърихии Ойхонумро дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишғол карданд. Ойхонум шаҳри қадимаест, ки дар соҳили дарёи Панҷ ноҳияи Дашти Қалъаи вилояти Тахор ва ҳамсоягии ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Дар ин амалиёти шабона Толибон ҷангиёни толиб ду корманди пулиси марзии Афғонистонро кушта, ду нафари дигар захмӣ ва 5 афсару аскари дигарро асир кардаанд. Ҳамчунин як ҷипи зиреҳпӯши тамғаи Humveeва ду мошини тамғаи Ranger -ро, ки ба пулиси марзӣ тааллуқ дошт, оташ задаанд.
Аммо раисҷумҳури Афғонистон бо таъкид бар ин ки барои иҷроӣ сохтани раванди сулҳ қасд дорем Толибонро ба як гурӯҳи ғайри мусаллаҳ табдил кунем, тасреҳ кард: «ҳанӯз мароҳили аввалияи раванди сулҳ аст, ки дар ин роҳ ҳукумат ибтидо мехоҳад Толибонро аз гурӯҳи низомӣ ба гурӯҳи сиёсӣ мубаддал кунад, дар марҳалаҳои баъдӣ Луи Ҷирга баргузор кунад, мехонизм эҷод шавад ва дар ниҳоят миллат ва Толибон бо ҳам якҷо сулҳ кунанд».
Ин нахустин бор буд, ки давлати Кобул оташбаси якҷониба дар 12 июни соли ҷории мелодӣ эълом ва онро барои 10 рӯзи дигар пас аз итмоми оташбаси нахуст тамдид кард.